Чои кори холи дар шахри душанбе
Ҷойҳои холӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:
- Сардори шӯъба оид ба пардохти кӯмакпулиҳои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Сино дар шаҳри Душанбе, 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1323
- Сармутахассиси шӯъбаи таъинот ва пардохти маблағҳои андухти нафақавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҲҶТ дар шаҳри Душанбе, 1 ҷой , маоши мансабӣ — 1032
- Мутахассиси пешбари шўъбаи баҳисобгирии инфиродии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, 1 ҷой , маоши мансабӣ — 846
- Мутахассиси шўъбаи таъиноти нафақаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, 1 ҷой, маоши мансабӣ — 660
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
— ариза ба унвони роҳбари мақомот;
— варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
— шарҳиҳол;
— нусхаи диплом;
— 2 дона расми 3х4 ;
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
— нусхаи шиноснома;
— маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
— нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
— маълумотнома азҷои истиқомат;
— маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38 УЕ;
— нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
— маълумотнома аз ВКД дар бораи доғи судӣ;
— маълумотнома (справка-объективка).
Талаботи тахассусӣ:
Барои ишғолкунандагони мансаби сардори шуъба:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғолкунандагони мансаби
мутахассиси пешбар:
— таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:
— таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Нишонаи қабули ҳуҷҷатҳо: ш. Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ 103 «А»; тел. 233-81-02
Қабули ҳуҷҷатҳо: 21 рӯз пас аз чопи эълон.
Источник
ҶСП «Индиго Тоҷикистон» муҳити кориеро фароҳам оварда, дастгирӣ мекунад, ки он ҳар як кормандро барои ноил шудан ба дастовардҳои бузург таҳрик медиҳад ва шароити ҳамкориро беҳтар сохта, мутобиқи меъёрҳои муосир барои одамони дорои ҳадафҳои олии касбӣ роҳ мекушояд. Кормандони мо бояд аснои интихоби андеша ва амал озод ва ҳамзамон барои қабули навгониҳо ва тағйирот омода бошанд.
Шумо дарTcell шароити муносиби кории иборат аз: ҷойи кории муҷаҳҳаз бо технология ва коммуникатсияи муосир, макони мулоқот ва табодули афкору ахборро пайдо менамоед. Мо ба кормандони мақсаддор, доно ва фаъол ниёз дорем. Tcell имконияти бештарро барои рушди касбу кор, инчунин камолоти касбии корманд дар фаъолияти тиҷоратӣ ва техникӣ фароҳам меорад.
Муҳим нест, ки мақсаду мароми касбияти Шумо дар куҷост, дар Tcell Шумо имконият пайдо мекунед, ки маҳорату малакаатонро барои мақсади умумӣ равона созед.
Бо мо бипайвандед! Мо хушҳол хоҳем шуд, агар Шуморо дар қатори дастаи мутахассисони касбии Tcell бубинем.
Мавқеи кории холӣ
Номзади муҳтарам!
Хуш омадед ба саҳифаи мо таҳти унвони «Ҷойи холии корӣ дар Tcell»! Аз таваҷҷуҳи Шумо ба ҷойҳои холии корӣ дар Ширкат хеле хушҳол ҳастем ва инак, Шуморо бо тартиби пешниҳоди дархост шинос менамоем.
Барои Шумо рӯйхати ҷойҳои холии корӣ дар Тcell-ро пешниҳод мекунем. Барои ирсоли дархост ба ҷойи холии кории зарурӣ ишораро пахш карда, шакли дархостро пур кунед.
Номгӯи ҷойҳои холии корӣ:
Оператор Call-Center в г. Худжанд (Резерв)
Основные направления оказания услуг:
предоставление информации об оказываемых компанией услугах, тарифах, проводимых маркетинговых и иных акциях для физических и юридических лиц;
осуществление сервисного обслуживания клиентов и решение возникающих вопросов от клиентов компании в пределах своей компетенции;
обеспечение качественного, оперативного обслуживания клиентов/абонентов (в том числе корпоративных) по телефону.Основные требования:
высшее образование/неполное высшее образование;
опыт работы от 1 года в сфере телекоммуникации и обслуживания клиентов — желательно;
знание таджикского и русского языков — обязательно;
знания английского, узбекского языков приветствуются;
высокая коммуникабельность.Специальные условия:
сроки оказания услуг – по согласованию Сторон;
офис Tcell в г. Худжанд.Крайний срок подачи заявок: 10.03.2020г.
Эксперт по рыночным решениям
Основные направления оказания услуг:
• Анализ рынка и создание новых продуктов в соответствии с желаниями и требованиями рынка;
• Разработка бизнес-кейсов для продуктов и бизнес решений;
• Понимание клиентского опыта, выявление и устранение пробелов в существующих продуктах и генерирование новых идей, которые увеличат долю рынка, улучшат качество обслуживания клиентов и простимулируют рост дохода;
• Разработка ценовой стратегии и стратегии позиционирования бренда;
• Работа в тесном контакте с командами инженеров для обеспечения быстрого запуска на рынок продукта;
• Стимулирование запуска продуктов, включая работу с командой по продвижению и продажам, руководством и другими членами команды по управлению продуктами;
• Оценка маркетингового плана для убеждения, что они соответствуют стратегии продуктовой линейки;
• Подготовка постанализа результатов после запуска и в случае необходимости внесение корректировок;Основные требования:
• Образование – Высшее
• Хорошие знания технологий и опыт работы в сфере телекома;
• Опыт работы по управлению продуктами;
• Хорошие аналитические навыки;
• Опыт работы в создании и расчете бизнес-кейсов;
• Способность разрабатывать продукт и маркетинговые стратегии;
• Хорошие технические знания с пониманием и / или практическим опытом в разработке программного обеспечения и веб-технологий; (приветствуется)
• Умение принимать быстрые решения для возникающих проблем;
• Умение эффективно работать с кросс-функциональными командами;
• Отличный уровень письменного и устного знания английского и русского языков – обязательно;
• Уверенный пользователь MS Office (PowerPoint, Excel, Word)
• Английский язык (свободно);
• Хорошие презентационные навыки.Специальные условия:
Место работы: Tcell Plaza, Душанбе
Последний срок подачи заявок: 06.03.2020
Эзоҳ: Ҳамаи муроҷиатҳо оид ба мавқеъҳои кории холӣ танҳо тибқи қоидаҳои дар боло зикргардида қабул карда мешаванд. CV ва аризаҳо оид ба кортаъминкунии бевосита ба идора ё ба суроғаи почтаи электронии кормандони ширкат ирсолгардида мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд!
Таҷрибаомӯзӣ дар Тcell
Донишҷӯёни арҷманд!
Агар дар барномаи таълимии Шумо таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, таълимӣ ва пешаздипломӣ пешбинӣ шуда бошад ва агар Шумо ҳадафи расидан ба қуллаҳои баланди касбиро дошта бошед, агар ёфтани мавқеъи муносиб дар ҳаётро доред, пас Тcell ин имкониятро ба Шумо фароҳам оварда, дар интихоб барои гузаштани таҷрибаомӯзиатонро дар пешқадамтарин ширкати телекоммуникатсионӣ муҳайё месозад.
Шумо беҳтарин имконро барои оғоз намудани фаъолияти касбӣ дар яке аз бомасъулияттарин ва боэътимодтарин корфармоҳо дар бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон доред, ки ҳамеша дар бораи насли ояндаи мутахассисони ҷавони миллӣ ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Таҷрибаомӯзӣ дар Tcell – гарави оғози муваффақонаи фаъолияти кории Шумост!
Печать страницы
Источник
28-уми сентябри соли 2016
МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН
Эълон дар бораи ҷойҳои кории холӣ
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:
1. Сармутахассиси фанни таърихи халқи тоҷик (таърихи умумӣ)
Шумораи ҷойҳо: 1
Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00
Талаботи тахассусӣ:
Сармутахассиси фанни таърихи халқи тоҷик (таърихи умумӣ) барои таҳияи тестҳо аз фанни мазкур масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
– маълумоти олӣ дар соҳаи таърих (таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ бартарӣ дониста мешавад);
– таҷрибаи омӯзгории на кам аз 6 сол;
– таҷрибаи корӣ ҳамчун омӯзгор-таҳиягари тестҳо на кам аз 2 сол;
– донистани равишҳои нави тестгузаронӣ ва таълим;
– дониш ва қобилияти зуд аз худ кардани назарияи классикӣ ва муосири тестҳо;
– малакаи баланди муошират;
– малакаи хуби кор бо компютер;
– нутқу саводи хуби хаттӣ аз забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (ба донандагон забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад);
Ба шахсоне, ки бо Марказ ҳамчун корманди муваққатӣ (муқарриз, таҳиягари тестҳо) ҳамкорӣ кардаанд ва ё дар таҳияи супоришу тестҳо барои олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ иштирок доштаанд, бартарӣ дода мешавад.
2. Сармутахассиси хизматрасонии техникӣ ва шабакаҳои маҳаллӣ
Шумораи ҷойҳо: 1
Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00
Талаботи тахассусӣ:
Сармутахассиси хизматрасонии техникӣ ва шабакаҳои маҳаллӣ барои сари вақт гузаронидани ташхиси техникӣ, корҳои профилактикӣ, таъмири асосӣ, таҷдиди қисматҳои таҷҳизот ва версияҳои таъминоти барномавӣ нисбат ба техника ва шабакаи компютерии дар Марказ истифодашаванда масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
– маълумоти олии касбӣ дар соҳа (ҳадди ақал доштани дараҷаи бакалавр; таҳсилоти иловагии такмили ихтисос бартарӣ дониста мешавад);
– собиқаи кории на кам аз 3 сол дар самти хизматрасонии таҷҳизот ва таъминоти барномавии компютерҳо ва шабакаҳои компютерӣ;
– таҷрибаи корӣ дар насбу танзим, хизматрасонӣ ва ташхиси таҷҳизоти компютерӣ ва офисӣ, таъминоти барномавӣ бо назардошти версияҳои шабакавии онҳо;
– маҳорати ташкил ва гузаронидани дарс (машварат)-ҳои фосилавӣ бо кормандони бахшҳои минтақавӣ дар самти дастгирии техникӣ;
– мустақилият дар ҳалли масъалаҳои бамиёномада ва қобилияти зуд азхудкунии системаҳои мураккаб;
– қобилияти кор ҳамчун узви гурӯҳи корӣ ва доштани малакаи хуби муошират;
– донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ дар сатҳи техникӣ, аз ҷумла забони англисӣ).
Донистани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бартарӣ дониста мешавад.
3. Мутахассис-барномасоз
Шумораи ҷойҳо: 1
Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00
Талаботи тахассусӣ:
Мутахассис-барномасоз барои иштирок дар равандҳои гуногуни коркарди коркарди иттилоот, аз ҷумла таҳияи қолабҳои ҳуҷҷатҳо дар намуди электронӣ, қабул ва назорати иттилооти воридшаванда, омода кардани додашудаҳои аввалия, тавлиди ҳисоботҳо, нашри ҳуҷҷатҳои содиротӣ ва ғайра масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
– маълумоти олии касбӣ дар соҳа (ҳадди ақал доштани дараҷаи бакалавр; таҳсилоти иловагии такмили ихтисос бартарӣ дониста мешавад);
– собиқаи кории на кам аз 3 сол дар самтҳои: барномасозӣ дар муҳит ва забонҳои муосири барномасозӣ; истифодаи системаҳои амалиётии муосир ва дастаи барномаҳои амалӣ;
– малакаи хуби корӣ дар самти насбу танзим ва таҷдиду истифодаи таъминоти барномавӣ, таҷҳизоти компютерӣ ва шабакаҳои компютерӣ;
– фаҳмиши назария ва технологияҳои пойгоҳҳои додаҳо: забонҳои дархостӣ, коркарди додаҳо, системаҳои идоракунии пойгоҳҳои додаҳо;
– дониши назариявӣ ва маҳорати амалӣ кардани усулҳои санҷиши таъминоти барномавии таҳия ва таҷдидшаванда барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта;
– малакаи таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ;
– маҳорати хуби таҳлилӣ дар азхудкунӣ ва таҳлили масъалаҳои бамиёномада ва мустақилият дар ҳалли онҳо;
– қобилияти кор ҳамчун узви гурӯҳи корӣ ва доштани малакаи хуби муошират;
– донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ дар сатҳи техникӣ, аз ҷумла забони англисӣ).
Донистани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бартарӣ дониста мешавад.
4. Мутахассиси технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионии бахши минтақавии шуъбаи ташкил ва имтиҳони Марказ дар шаҳри Хуҷанд
Шумораи ҷойҳо: 1
Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00
Талаботи тахассусӣ:
Мутахассиси технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК)-и бахши минтақавӣ барои таъмини кори доимии таҷҳизоти компютерӣ, таъминоти барномавӣ ва шабакаи компютерии бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд, насбу танзим, ташхису таҷдид ва хизматрасонии онҳо, инчунин таъмини машварат ва дастгирии техникии кормандони асосӣ ва муваққатӣ дар минтақа вобаста ба масъалаҳои истифодаи ТИК масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
– маълумоти олии касбӣ дар соҳа (ҳадди ақал доштани дараҷаи бакалавр);
– собиқаи кории на кам аз 3 сол дар самти насбу танзим, таҷдиду ташхис ва хизматрасонию истифодаи таъминоти барномавӣ (системаҳои амалиётии муосир, дастаи барномаҳои амалӣ ва ғайра), таҷҳизоти компютерию офисӣ ва шабакаҳои компютерӣ;
– қобилияти хуби корӣ ва малакаи хуби муошират;
– донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ дар сатҳи техникӣ, аз ҷумла забони англисӣ).
Донистани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бартарӣ дониста мешавад.
5. Посбони бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд
Шумораи ҷойҳо: 1
Реҷаи корӣ:
– дар рӯзҳои корӣ аз соати 17:00 то 08:00;
– дар рӯзҳои истироҳат аз соати 08:00 то 08:00-и рӯзи дигар.
Талаботи тахассусӣ:
Посбони бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд барои муҳофизати кормандон, бино ва таҷҳизот дар дохили бахши минтақавӣ, танзиму риояи тартибот дар дохили муассиса, назорати риояи қоидаҳои зиддисӯхтор ва санитарӣ, бақайдгирии шаҳрвандони ба Марказ муроҷиаткунанда ва амнияти бахши минтақавӣ масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:
– маълумоти миёна ва ё миёнаи махсус;
– собиқаи корӣ дар соҳаи бехатарӣ (ба шахсони синнашон то 50-сола афзалият дода мешавад);
– малакаи хуби муошират;
– малакаи кори хаттӣ.
Хоҳишмандон дар озмун тибқи тартиби муқарраргардида қабул карда мешаванд. Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун бояд ҳуҷҷатҳояшонро (ариза, нусхаи шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ, маълумотнома оид ба доғи судӣ (ИЦ) ва резюме бо забони тоҷикӣ) ба Марказ бо нишонии зерин пешниҳод намоянд:
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192
Телефон: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68
Факс: (+992 37) 224 53 66
Нишонии электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Шахси мутасаддӣ: Г. Давлатова
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: 17-уми октябри соли 2016, то соати 16:00
Источник
Солхои донишчуии ман, яъне солхои хаштодум Душанбе бештар як шахри руси буд. Кисми аъзами сокинони Душанбе мардуми рус ва русзабонхо буданд. Хатто худи то- чикони мукими Душанбе руси харф мезаданд, аз укдаи хакорат ба забони модари харф заданро ор медонистанд. Дар шахр кор- хонахои саноатии зиёд фаъолият мекарданд, ки аксари мухан- дисони онхо аз шумори гайриточикхо буданд. Агар корхонаи наве сохта мешуд, мухандисони онро аз Русия ё чумхурихои дигар мефиристоданд, гуё мардуми точик нокора ва кобил ба омузиш набуданд. Номи кучаву хиёбонхо, навиштахои бо- лои дари корхонаву муассисахо хама руси буданд.
Хиёбони маркази, боги марказии шахр, Донишгохи давлати ва бисёр муассисахои дигар ба номи Ленин буданд. Ба гайр аз як-ду кучаи ба номи точикон – кахрамонони шахиди Чанги бузурги Ватани ва се-чахор куча ба номи шоирон, дигар хамаи кучаву хиёбонхо номхои гайриточики доштанд. Номи ин кучахо ба гушу забони точикон намечаспид магар, ки барои сурогахо, номи кучаву хиёбонхоро намегирифтанд.
Бештар махаллахоро номбар мекарданд, масалан, хонаи мо дар наздикии бозори Саховат, ё ду куча боло аз чойхонаи Рохат ва гайра. Ин тарзи сурогадихи ёфтани манзилро душвор кунад хам, мардум аз хамин ривол истифода мекарданд. Латифае хам буд, ки мегуфт: «Хонаатон кучост? Назди хонаи Ахмад. Хонаи Ахмад кучост? Назди хонаи мо». Баъд аз тагйири номхо холо мебинам, ки одамон номи кучаву хиёбонхоро бештар истифода мекунанд ва бо ифтихор хонаи мо дар хиёбони Айни, ё кучаи Лоик Шерали гуфта, нишони медиханд.
Он замон Душанбе як шахри музофоти дар Иттиходи шу- рави буд. Кисмати хурди маркази ва шимолу гарбии он бо бинохои панч ва ахёнан нухошёна ба шахр монанд бошанд хам, кисмати азими шахр аз чихати меъмори бештар як дехаи бузургро мемонд.
Баъдан дар замони истиклол касб кардани кишвар русзабон- хо шахрро тарк карданд ва ба чои онхо дехотиён шахрро пур карданд, ки аз чихати одобу ахлок низ Душанбе як дехаи комил гашт. Ман мушохидахои худро дар бораи одоби шахрнишини дар як ёддошти мухтасар навишта будам, ки дар поён меорам.
Давлати Шурави батадрич махалхои нави маскуни месохт ва онхоро бо ракам номгузори мекард. Мисли ин ки аз аввал накшаи сохтмони шахр дар харита ба китъахо чудо шуда ракам- гузори шуда будааст, ки масъулон сари худро бо номёби гаранг накарда, хамон ракамхоро хамчун номи махалхо истифода ме- карданд. Масалан, дар кисмати шимолу гарбии шахр махалахои 82, 91, 102, 103 ва гайраро хамаги чанд сол пеш аз омадани ман ба Душанбе сохта будаанд. Хамдарсони донишгохии мо, ки му- кими Душанбе буданд, накл мекарданд, ки чанд сол кабл ин минтакахо хама пахтазор будаанд.
Соли аввали донишчуии ман, бинои нави Донишгохи дав- лати дар лаби руди Душанбе ба истифода дода шуд. Мо имти- хонхои кабулро дар бинои кухнаи донишгох вокеъ дар маркази шахр супорида, аввалин донишчуёне будем, ки аз соли аввал хонданро дар ин бинои нав огоз кардем. Дарсхо ба фарк аз мактаби миёна, ба таври чуфт мегузаштанд. Як фанро мо дар ду нишасти 45 дакикаи, ки дар байн танаффуси 15 дакикаи дошт, мехондем ва хар руз се-чор чуфт дарс доштем.
Бинои нави донишгох хуштарху бархаво сохта шуда буд. Мегуфтанд, ки мувофики накша баъд аз сохта шудани хамаи бинохои донишгох пеши рудхонаи Варзоб ва Лучоб, ки аз ду тарафи бинои Донишгох чори буданд, баста мешавад ва До- нишгох дар ихотаи кули сунъи мемонад. Аз сабаби дар байни ду руд чойгир будани бино, номи макони донишгох дар забо- ни донишчуён «чазира» буд. Ман панч соли донишгохро дар хамин чазира хондаам.
Хобгохи мо дар канори чанубии шахр дар махалли Гипро- зем, хеле дур аз донишгох вокеъ буд. Намедонам, бо кадом мантик донишгох ва хобгохро дар ду кисмати мухталифи шахр, хеле дур аз хам сохта бошанд. Гуё ин хобгохро махсус, харчи дуртар аз донишгох сохта буданд, то ки донишчуён фикр на- кунанд, ки хондан кори осон аст.
Хобгохи мо як бинои чорошёнаи фарсудае буд, ки хар ошёнааш як дастшуи ва як ошхонаи умуми ва такрибан 20 хучра дошт, ки донишчуён чоркаси дар ин хучрахо мезистанд. Таъмири дару девори утокхо ба гардани худи донишчуён буд, кисматхои истифодаи умуми – рохраву зина ва дастшуйхонаву ошпазхона солхо руи таъмирро надида дар холи хеле бад карор доштанд. Вале донишчуёни мисли ман аз дехот омада, чора на- доштанд ва зиндаги дар ин хобгох барояшон ягона гузина буд.
Чойхонаи «Рохат» чои дустдоштаи мо донишчуён буд. Чой- хона соли 1958 дар канори хиёбони марказии шахр бино шуда, намоди фарханги точикист. Дар тули солхо чойхонаи «Рохат» яке аз бинохои рамзии шахри Душанбе шуд ва номи ин чой- хона хатто барои касоне, ки аз музофоти кишвар боре хам ба пойтахт наомадаанд, ошност.
Фазои чойхона дар замони донишчуии ман як фазои вокеан рохат буд. Бинои асосии он дар канори хиёбони маркази вокеъ буда, ба таври нотакрор зебо сохта шудааст. Он ду ошёнаи боз ва хавлии фарох дар пушт дошт, ки бо фаввораву наккошихои миллии точики ба хар сайёхе пойтахти точиконро муаррифи мекард. Дар пушти бино ба сабки чойхонахои суннати хавлие
сохта буданд, ки сарсабз буд ва тахткатхои бо курпачаву такя- болишхои точики мучаххаз дошт. Дар ин тахткатхо доим муй- сафедон ва нафакахурон гурух-гурух шохмотбози мекарданд. Дар дарахтхои ин хавли кафасхои парандахои хушовоз овехта буданд, ки бо садои дилнишин ба фазо рухи хос мебахшиданд.
Он замон чойхонаи «Рохат» махсусан барои касоне, ки дар музофот зиндаги мекарданд ва наздиконашон дар донишгоххои Душанбе мехонданд, чои вохури буд. Хар касе, ки фарзанд ё наз- дикашро хабаргири меомад, ба чойхона омада, соате менишаст ва хатман шиносеро ёфта, аз у сурогаи наздикашро мегирифт.
Источник