Тарзи кори компьютер ва он

Оғози кори Windows. Барои ба кор даровардани системаи оператсионии Windows кифоя аст, ки компютер ба ҷараёни барқ пайваст карда шуда, дар блоки системавӣ тугмаи POWER пахш карда шавад. Дар баъзе вариантҳои Windows пас аз пахши тугмаи POWER равзанаи диалогии махсус пайдо шуда, номи истифодабаранда ва пароли (калид) он пурсида мешавад. Дар ин маврид истифо-

дабаранда бояд ин информатсияро дар майдончаҳои муайян дохил намояд ва тугмаи Ok -ро пахш намояд. Агар ба экран равзанаи робитавии Добро пожаловать (Марҳамат намоед Welcome) барояд, он гоҳ тугмаи Зарыть (Пўшида шавад Close)-ро пахш кардан лозим аст. Пас аз он Windows ба таври автоматӣ ба кор шурўъ менамояд.

Оғози кори Windows – ин дар экран пайдошавии равзанаи асосии он – Мизи корӣ (Рабочий стол – Desktop) ба ҳисоб меравад. Дар вариантҳои ҳозираи Windows, пас аз муддати ками вақти кори BIOS якбора равзанаи Мизи корӣ ба экран мебарояд. Маҳз равзанаи Мизи корӣ имконият медиҳад, ки программаҳои зарурӣ ба экран ҷеғ зада шуда, бо онҳо амалиёт гузаронида шаванд.

Анҷоми кори Windows. Пас аз бо системаи Windows ба охир расонидани ҳама гуна амалиёти лозимӣ, компютер бояд хомўш карда шавад. Асосан ду тарзи

анҷомдиҳии кори система ва хомўшгардонии компютер ҷой дорад:

1) дар клавиатура тугмаҳои Alt ва F4 -ро якҷоя пахш намудан;

2) ба воситаи тугмаи Пуск ба менюи асосии Windows ворид гаштан ва дар он сатри Завершение работы (Анҷоми кор)-ро интихоб намудан.

Дар ҳар ду ҳолат ҳам дар экран равзанаи махсуси даррасми 1 овардашуда, пайдо мешавад.

Чунон ки аз расм дида мешавад, дар дохили доирачаи таРасми 1. Равзанаи анҷоми кори Windows рафи чапи сатри Выключить компьютер (Компютер хомўш карда шавад) аломати нуқта гузошта шудааст. Дар ҳаминмаврид, агар тугмаи Да (Ҳа) пахш карда шавад, он гоҳ пас аз гузаштани муддате дар экран информатсияи зерин пайдо мешавад:

Microsoft WINDOWS

Завершение работы Windows

(Анҷоми кори Windows )

Бо ин информатсия ситемаи Windows истифодабарандагонро огоҳ месозад, ки дар хомўш гардонидани компютер ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. Пас аз гузаштани муддати на он қадар зиёди вақт, дар экран информатсияи навбатӣ пайдо мешавад:

Теперь питание компьютера можно отключить

(Акнун компютерро хомўш кардан мумкин аст)

Танҳо дар сурати пайдо шудани ҳамин информатсия компютерро хомўш кардан мумкин аст.

Агар аломати нуқта дар дохили доирачаи сатри Перезагрузить компьютер (Компютер аз нав ба кор дароварда шавад) гузошта шуда бошад, он гоҳ пас аз пахши тугмаи Да (Ҳа) системаи Windows боз аз сари нав ба кор медарояд.

Агар аломати нуқта дар доирачаи сатри Перезагрузить компьютер в режиме эмуляции MS-DOS (Компютер дар реҷаи MS DOS ба кор дароварда шавад) гузошта шуда бошад, он гоҳ пас аз пахши тугмаи Да (Ҳа) системаи Windows аз хотираи компютер хориҷ карда мешавад ва ба ҷойи он системаи оператсионии MS DOS ба кор шурўъ менамояд.

Дар ин реҷа программаҳое, ки онҳо танҳо барои муҳити системаи MS DOS сохта шудаанд, кор карда метавонанд. Ба ин программаҳо қабатҳои программавии Norton Commander, Volkov Commander, таҳриргари матнии Лексикон, ҷадвали электронии Superсalc ва ғайра дохил мешаванд. Барои ба системаи Windows бозгаштан бошад, кифоя аст, ки дар сатри командавии MS DOS командаи Exit дохил карда шавад.

Саволҳо:

  1. Оғози кори Windows аз чӣ сар мешавад?
  2. Аввалин равзанае, ки ҳангоми оғози кори Windows дар экран пайдо мешавад, чӣ ном дорад?
  3. Барои анҷомдиҳии кори Windows кадом амалиётро иҷро намудан лозим аст?
  4. Кадом вақт компютерро хомўш кардан мумкин аст?
  5. Чӣ гуна ба реҷаи кори MS DOS гузаштан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Дар синфхонаи компютерӣ бо навбат аввал компютерро ба кор дароред ва баъд онро хомўш намоед.
  1. Компютерро барои дар реҷаи MS DOS кор кардан омода созед ва баъд аз нав ба реҷаи Windows баргардед.

Источник

Тавре ки аллакай медонем, компютер метавонад, информатсияи табиати дилхоҳдоштаро кор карда барояд. Информатсия метавонад ададӣ, матнӣ, графикӣ, тасвирӣ, садоӣ ва ғайра бошад. Аз тарафи дигар мо медонем, ки компютер танҳо бо кодҳои дуйӣ кор карда метавонад. Пас саволе ба миён меояд, ки информатсияи гуногун аз тарафи компютер чӣ тавр кор карда баромада мешавад?

Гап дар сари он аст, ки дар компютер ҳар гуна инфор матсия бо ёрии ададҳо кодгузорӣ карда мешавад. Компютер ҳангоми кор танҳо бо коди информатсия сару кор дорад.

komputerМо дар ҳаёти муқаррарии ҳаррўзаамон аз системаи ҳисоббарорие истифода мебарем, ки онро системаи даҳӣ мегўянд. Ҳар гуна адад дар ин система ба воситаи даҳ рақам 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 ифода карда мешавад. Донистани қонуну қоидаҳои иҷрои амалҳо дар ин система кифоя аст, ҳар гуна масъалаи ҳаётии дар наздамон гузошташударо ҳал намоем. Мо бо ин система чунон одат кардаем, ки ҳатто дар бораи вуҷуд доштани дигар системаҳои ҳисоббарорӣ фикр ҳам намекунем. Дар асл дар ҳаёт системаҳои ҳисоббарории зиёде мавриди истифода қарор гирифтаанд. Бале, ҳайрон нашавед! Ҳангоми азхудкунии принсипи кори компютер шумо аллакай бо яке аз чунин системаҳои ҳисоббарорӣ шинос хоҳед шуд.

Аслан протсессори компютер информатсияеро кор карда баромада метавонад, ки он бо ёрии сигналҳои электрикӣ ифода карда шуда бошад. Аз нуқтаи назари физикавӣ, ба протсессор хеле қулай аст, ки информатсияи қабулнамудаашро бо ёрии ду вазъ (ҳолат) кодгузорӣ намонд:

  1. a) шиддати сигнали электрикӣ мавҷуд аст;

ӣ) шиддати сигнали электрикӣ мавҷуд нест.

Агар мо мавҷуд будани шиддати сигнали электрикиро ба воситаи рақами 1 ва мавҷуд набудани онро ба воситаи рақами 0 ишорат кунем, он гоҳ маълум мегардад, ки прот-

сессор ҳар гуна информатсияро бо ёрии танҳо ду рақам (1 ва 0) кодгузорӣ мекардааст. Системаи ҳисоббарориеро, ки танҳо рақамҳои 0 ва 1ро истифода мебарад, системаи дуйӣ мегўянд.

Инсоният ба системаи даҳии ҳисоббарорӣ яку якбора наомадааст. Олимон бар он ақидаанд, ки асоси гузаштан ба системаи даҳиро, даҳ ангушти дастони инсон ташкил намудааст. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад. Лекин биёед лаҳзае тасаввур кунем, ки мо дар ихтиёрамон танҳо рақамҳои 0 ва 1ро дорем. Оё мо метавонем, ки ҳамаи ададҳоро бо ёрии ин ду рақам ифода намоем? Албатта метавонем. Масалан, мувофиқати якчанд ададҳои аввалаи бутуни мусбати системаи даҳӣ ва дуйӣ чунин аст:

Даҳӣ 0 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17

Дуӣ 0 1 10 11 100 101 110 111 1000 1001 1010 1011 1100 1101 1110 1111 10000 10001

Тарзи аз як системаи ҳисоббарорӣ ба дигар система гузаштанро, дар мисоли адади даҳии 13, ки дар системаи дуйӣ ҳамчун 1101 тасвир карда мешавад, нишон медиҳем:

Дар мисол, тасвири адади додашуда ба разрядҳо ҷудо карда шудааст 13 ду разряд дорад, 1101 чорто. Протсессори Pentium, ки дар он барои интиқоли информатсия 32 сим хизмат мерасонад, яку якбора метавонад адади дуйии 32разрядаро кор карда барояд. Азбаски протсессори Intel80286 аз 16 сим иборат аст, ин протсессор аз Pentium дида ададҳоро ду маротиба сусттар интиқол мекунад.

Ҳангоми омўзиши хотираи компютер, мо қайд карда будем, ки разрядҳои дуйиро бит ва маҷмўи 8битро байт ном мебаранд. Барои ченкунии ҳаҷми информатсияи дар хотираи компютер маҳфузбуда бошад, аз ченакҳои калонтар килобайт (Кбайт), мегабайт (Мбайт), гигабайт (Гбайт) ва ғайра истифода мебаранд.

Масалан, дискети 3,5 дюймагӣ 1 457 664 байт информатсияро ғунҷонида метавонад, ки онро пас аз яклухткунӣ 1,4 (13)10=10+3=1101+3100=(1101)2=123+122+021+120=8+4+0+1=(13)10 13 1101

79 Мбайт мегўянд. Ин миқдор зиёд аст ё кам? Агар ба ҳисоб гирем, ки як символи матнӣ ба воситаи як байт ифода карда мешавад, он гоҳ гуфта метавонем, ки дар чунин диск тақрибан 1,5 миллион символ ё тақрибан 100 саҳифа китоб меғунҷад. Мутаассифона, имрўз ин миқдор информатсия хеле кам шумурда мешавад. Агар ин ададро ба информатсияи шакли овоздошта табдил диҳем, он гоҳ дар дискет ҳамагӣ 17 сония стереоовози сифатнокро ғунҷонидан мумкин асту халос. Расми рангаи формати А4 (варақи чопкунии андозааш 210х297 мм) аз 20 Мбайт зиёдтар ҳаҷмро талаб менамояд. Албатта дар ин мавридҳо на аз дискетҳо, балки аз компактдискҳо истифода мебаранд, ки ғунҷоиши онҳо аз 600 Мбайт зиёдтар аст.

Дар диски сахти компютер (винчестер) информатсияи гуногун программаҳо, матни ҳуҷҷатҳо, тасвирҳои графикӣ, видеоклипҳо, суруду мусиқиҳо ва ғайраҳо

маҳфузанд, ки ҳамаи онҳо маҳз бо ёрии ҳамон ду вазъи мантиқӣ ҳаст ё нест, 1 ё 0, фурўзон ё хомўш ва ғайраҳо кодгузорӣ карда мешаванд.

Саволҳо:

  1. Кадом намудҳои информатсияро медонед?
  2. Компютер информатсияро чӣ тавр кор карда мебарояд?
  3. Протсессор информатсияро чӣ гуна кодгузорӣ менамояд?
  4. Чаро протсессори Pentium аз протсессори Intel80286 информатсияро ду маротиба тезтар интиқол медиҳад?
  5. Дискети 3,5 дюймагӣ чанд байт информатсияро ғунҷонида метавонад?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Доир ба тарзи коркарди информатсия дар компютер фикратонро дар дафтар баён намоед.

Источник

Тартибдиханда: admin

Читайте также:  Что такое не кори за поступки

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-06

МАҚСАДИ ДАРС:  Ташаккул додани донишу малакаи донишҷўён оид ба қисмҳои асосӣ ва иловагии компютер.

НАҚШАИ ДАРСҲОИ НАЗАРИЯВӢ:

  • Принсипҳои Ҷон Фон Нейман.
  • Намудҳои хотираҳо.
  • Қисмҳои асосии компютер.
  • Микропротсессорҳо ва хотираи фаврӣ.
  • Компютерҳои фардӣ: конфигуратсияи минималӣ; воситаҳои иловагӣ; сохтор; характеристикаҳои асосӣ.

Соли 1945 математики маъруф Ҷон фон Нейман дар маърўзаи худ навишта буд, ки барои самаранок ва универсалӣ  шудани компютер он чӣ гуна сохт дошта бошад.
Пеш аз ҳама компютер бояд чунин қисмҳоро дошта бошад:

  • Қисми арифметикӣ-мантиқӣ (ҚАМ), ки амалҳои арифметикӣ (ҳисобкунӣ) ва мантиқӣ (муқоисакунии бузургиҳоро) иҷро мекунад.
  • Қисми идоракунӣ (ҚИ), ки раванди иҷроиши барномаҳоро ташкил мекунад.
  • Хотираи фаврӣ (ХФ), ё ки хотира барои нигоҳ доштани барнома ва маълумот.
  • Воситаҳои беруна (ВБ) барои воридот ва содироти информатсия.

Хотираи компютер бояд аз миқдори муайяни ячейкаҳои рақами тартибӣ дошта иборат бошад, ки дар ҳар яки онҳо маълумоти коркардшаванда ё ки дастури барномаҳо нигоҳ дошта шавад. Ҳамаи ячейкаҳо бояд барои қисмҳои дигари компютер якхела ба осонӣ дастрас бошанд.
Схемаи Ҷон фон Нейман (расми 1) алоқаи байни қисмҳои компютерро инъикос менамояд: порчаҳои самтдори бо хати яклухт кашидашуда алоқаҳои идоракунӣ; бо хати пунктир кашидашуда алоқаи информатсионӣ.
Хотираи компютер барои сабт, нигоҳдорӣ ва интиқоли маълумот кор фармуда мешавад. Хотира 2 намуд дорад:

  • Хотираи фаврӣ;
  • Хотираи доимӣ.

Дар хотираи фаврӣ барномаҳои корӣ ва хизматӣ, маълумоти ибтидоӣ, инчунин натиҷаҳои мобайнӣ ва интиҳоӣ яъне маълумотҳое, ки барои ҳалли масъалаҳои мушаххас кор фармуда мешаванд, нигоҳ дошта мешаванд. Хотираи фаврӣ маълумотҳоро тезтар, вале хотираи доимӣ суст кор карда мебарорад. Ба хотираи доимӣ чунин қисмҳо ба монанди лентаҳои магнитӣ, дискҳо мансубанд. Дар ҳақиқат ҳам дискҳо ё лентаҳои магнитиро аз техника ҷудо кардан мумкин аст. Лекин хотираи фавриро аз компютер ҷудо кардан мумкин, нест, вай қисми ҷудонашавандаи компютерро ташкил медиҳад. 

Читайте также:  Корь у детей в детском саду

Хотираи фаврӣ

Хотираи доимӣ

Қисми арифметикӣ ва мантиқӣ

Қисми идоракунӣ

ПРОТСЕССОР

Қисми барориш

Қисми дохилкунӣ

Расми 2. Қисмҳои асосии компютер

Компютерҳои фардии рўимизӣ аз чунин қисмҳои асосӣ иборат аст: блоки системавӣ, монитор, клавиатура ва муш.
Блоки системавӣ — қисми асосии компютер буда, дар дохили он ҷузъҳои нисбатан зарур ҷойгир шудаанд: платаи модарӣ, винчестер (диски сахти магнитӣ), ҷузъи таъминкунанда бо ҷараёни барқ (блок питания), муҳаррики компакт-дискҳо. Шакли қуттии блоки системавӣ уфуқӣ (горизонталӣ) ва амудӣ (вертикалӣ) мешаванд. Шаклҳои онро аз рўи андозаҳояш фарқ мекунанд: хурд (minitower), миёна (miditower) ва калон (bigtower).
Дар платаи модарӣ микропротсессор, хотираи асосӣ, адаптерҳо (портҳо), видеокарта, картаи овоз ва ғайра ҷойгиранд.
Монитор — барои ба экран баровардани информатсияи матнӣ ва графикӣ хизмат мекунад;
Клавиатура — барои дохилкунии фармонҳо ва информатсия хизмат мекунад;
Монитор – яке аз қисмҳои хеле муҳими компютер ба шумор рафта, барои ба экран баровардани информатсияи матнӣ ва графикӣ хизмат мерасонад. Раванди ба хотираи компютер дохилкунии информатсия низ бо ёрии монитор назорат карда мешавад. Мониторро дисплей (display — намоиш) ҳам мегўянд.
Монитор ба телевизор хеле монанд аст. Мониторҳо тасвирҳоро нисбат ба телевизорҳо саҳеҳтар ва дақиқтар намоиш медиҳанд. Монитор аз экран ва видеоплата иборат аст. Видеоплата сигналҳои электрикиро дар экран ба тасвир табдил медиҳад. Андозаи экрани мониторҳо яке аз нишондиҳандаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Андозаи экранро аз рўи бузургии диагонали монитор муайян месозанд ва бо дюймҳо чен мекунанд. Дюйм — ченаки дарозӣ буда, ба 2,54 смбаробар аст. Мониторҳои компютерҳои фардӣ аз 14 то 24 дюймро ташкил медиҳанд. Барои шахсоне, ки дар назди экран бисёр менишинанд, монитори 17-дюймагӣ монитори хуб ба шумор меравад. Бо принсипи кор мониторҳо намудҳои зиёд доранд ва аз ҳама паҳшудатаринашон кристалли моеъгӣ, сенсорӣ, электронию нурӣ ва плазмавӣ мебошанд.
Сифати тасвири монитор аз миқдори нуқтаҳои он вобаста аст, ки пиксел номида мешавад. Миқдори пикселҳо бо самти уфуқӣ (горизонталӣ) ва амудӣ (вертикалӣ) нишон дода мешаванд: 640х480, 800х600, 1024х768, 1280х1024, 1600х768 ва ғайра.
Клавиатура – таҷҳизотест, ки барои дохил кардани информатсия ва идоракунии системаи компютер истифода мешавад. Клавиатураи стандартии муосир зиёда аз 100  тугма (клавиш) дошта, тугмаҳои он ба 4 гурўҳи асосӣ ҷудо мешаванд: 1) Тугмаҳои ҳарфӣ, рақамӣ ва аломатҳои китобатӣ, 2) Тугмаҳои функсионалӣ (вазифагӣ) – F1-Ғ12, 3) Тугмаҳои хидматӣ – Alt, CapsLocr, Enter, Ctrl ва ғайраҳо, 4) Тугмаҳои рақамие, ки дар тарафи рост мавҷуданд. Ба ғайр аз ин боз як гурўҳи дигари тугмаҳо вуҷуд доранд, ки онро тугмаҳои идоракунии курсор меноманд. Ба монанди
Муш (Муш — Мouse)  – манипуляторест, ки кори компютерҳоро осон мегардонад. Вай барои ба таври фаврӣ дохил намудани фармонҳо
ва идоракунии барномаҳо хизмат мекунад.
Муш — чунин таҷҳизотест, ки қариб ҳамаи барномаҳои муосир аз имкониятҳои он ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар баъзе компютерҳо ба ҷои муш баъзе таҷҳизоти дигар — трекбол, панели сенсорӣ, трекпойнт ва ғайра истифода бурда мешаванд, ки онҳо аслан ивазкунандагони вазифаҳои муш ба ҳисоб мераванд. Ҳамаи ин таҷҳизот дар якчоягӣ механизм-нишондиҳандаҳо ном доранд, чунки ба воситаи онҳо ин ё он элементи экран нишон дода мешавад.
Мушҳои беноқил низ мавҷуданд, ки дар онҳо бо мавҷи радио ё тавассути нури инфрасурх алоқа бо блоки системавӣ амалӣ мегардад.
Микропротсессор элементи аз ҳама муҳимтарин ва марказии компютер     ба шумор меравад. Онро баъзан «майнаи» компютер ҳам мегўянд.
Микропротсессор схемаи электронии начандон калон (ҳамагӣ якчанд сантиметр) буда, ба воситаи он ҳамаи қисмҳои компютер идора, амалҳои арифметикию мантиқӣ иҷро ва информатсия кор карда баромада мешаванд. Микропротсессор метавонад садҳо намуд амалиётро, аз қабили ҷамъу тарҳкунӣ, зарбу тақсимкунӣ, муқоисакунӣ, дохилкунӣ, хориҷкунӣ ва ғайра бо суръати ниҳоят тез — садҳо ва ҳазорҳо миллион амал дар як сония, иҷро намояд.
Хотираи компютер — пас аз микропротсессор элементи дуюми асосӣ ҳисобида мешавад. Вазифаи асосии хотира аз нигоҳ доштани информатсия иборат аст. Компютер якчанд намуди хотираро дорад. Хотираи асосии он, ки ягон компютер бе он кор карда наметавонад, дар шакли микросхема (чип) сохта шудааст. Хотираи асосиро ба хотираҳои фаврӣ ва доимӣ тақсим мекунанд.
Хотираи фаврии компютер — хотираест, ки доимо бевосита бо микропротсессор сару кор дорад. Микропротсессор барномаҳо ва маълумотҳои заруриро аз хотираи фаврӣ гирифта, онҳоро кор карда мебарояд ва натиҷаҳои ҳосилшударо боз ба он равон месозад. Унвони «фаврӣ» гирифтани ин хотира беҳуда нест. Суръати кори ин хотира бениҳоят баланд буда, ҳангоми хондан ва сабти информатсия протсессор интизорӣ намекашад. Вале ҳамин ки компютер хомўш карда шуд, ҳамаи информатсияи дар он маҳфузбуда хориҷ мегардад. Хотираи фавриро бо калимаи RAM (Random access memory — хотирае, ки ҳамеша дастрас аст) ишорат мекунанд.
BIOSBasic Input-Output System — Системаи базавии дохилкунӣ-хориҷкунӣ. Ба ғайр аз RAM ва ROM дар компютерҳои фардӣ хотираи начандон калоне мавҷуд аст, ки он барои нигоҳдории параметрҳои конфигуратсияи компютер хизмат мерасонад. Ин хотира нимдоимӣ буда, онро баъзан ҳамчун CMOSxomupaном мебаранд. CMOS ном гирифтани ин хотира ба он вобаста аст, ки он аз рўи технологияи CMOS (Complement arymatal-oxide semiconductor) сохта шуда, қобилияти  истеъмоли  энергияи шиддаташ хеле пастро дорад.
Акнун қисмҳои иловагии КФ-ро дида мебароем.
Принтер — барои  дар  қоғаз  ё дигар барандаи информатсия чоп намудани  информатсияи  матнӣ  ва графикӣ хизмат мекунад. Мувофиқи принсипи кор намудҳои зиёди принтерҳо вуҷуд доранд. Дар замони ҳозира принтерҳои паҳншудатарин лазерӣ, фавворагӣ ва матритсагӣ мебошанд. Қайд кардан зарур аст, ки ҳоло принтерҳои фазогӣ яъне сеченака (3D) паҳн шуда истодааст, ки имконияти бо саҳеҳии калон тайёр намудани деталҳои пластмассагиро доранд ва ин деталҳоро дар ҳолатҳои зарурӣ ба ҷои оригинал истифода бурдан мумкин аст.
Инчунин дигар воситаҳои иловагии КФ-ро бо вазифаашон номбар мекунем:
Ҷойстик — манипулятор, барои идоракунии бозиҳои компютерӣ хизмат мекунад;
Модем — барои мубодилаи информатсионии байни компютерҳо, бо ёрии шабакаи телефонӣ ё таҷҳизоти дигар хизмат мекунад.
Картаҳои овозӣ — барои сабт ва шунидани садо хизмат мекунад.
хизмат мекунад.
Контроллёрҳо — схемаҳои электроние, мебошанд, ки онҳо кори таҷҳизоти компютери фардиро идора менамоянд. Ҳар як таҷҳизот усули махсуси ба контроллёри худ пайваст шуданро доранд.

Читайте также:  Состав вакцины против кори краснухи

САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР ВА ХУДСАНҶӢ:

  • Кори КФ аз рўи принсипи Ҷон Фон Нейман чӣ  гуна аст?
  • Компютерҳои дар асоси принсипи Ҷон фон Нейман сохташуда аз кадом кисмҳо иборатанд?
  • Сохти хотираи компютер чй гуна аст?
  • Блоки системавӣ барои иҷрои кадом вазифаҳо хизмат мерасонад?
  • Кадом таҷизот дар дохили блоки системавии компютер ҷойгиранд?
  • Ба блоки системавӣ кадом таҷизотро аз берун пайваст кардан мумкин аст?
  •  Ба блоки системавӣ кадом таҷизотро аз дохил илова кардан мумкин аст?
  • Контроллер гуфта чиро мефаҳмед?
  •  Корпуси блоки системавӣ дар кадом шаклҳо истеҳсол карда мешавад?
  • Андозаи экрани мониторро бо кадом ченак чен мекунанд?

Дидан карданд: 6719

Мавзӯъҳои монанд:

Функсияхои Microsoft Excel

Ба кордарории компютер

Обойти пароль администратора, в учетной записи Windows 7, можно за два прохода

МУНДАРИҶАИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯИ КОМПУТЕРӢ

DHCP (Dynamic Host Configuration Protocol) — чист?

Чӣ гуна Telnet -ро дар Windows 7 фаъол созем?

7 тарзи тезҳаракаткунонии Google Chrome

Замимаи зиддивирусии Panda Security худро вирус қабул кард

Чӣ тавр ҳуруфи тоҷикиро дар барномаи Microsoft Word гузорем?

Wireless Application Protocol (WAP)

Принсипи кори компютер и ва сохтори он

Коментарии худро дохил кунед!

Источник