Дигар рафтану омадан кори ман нест

добавлена 17 апреля 2017 в 19:35

Ту ин ёри азизи,ки фаромӯшат нахоҳам кард,
Сарамро соате дуртар зи оғӯшат нахоҳам кард.
Намо бар ишқи ман бовар,вафо расми мани ошиқ,
Магӯ аз бевафоиҳо,ки ман гӯшат нахоҳам кард.
Ҳама бори ҷаҳонро гар бубанди бор бар дӯшам,
Шавам то зону по дар гил ва бар дӯшат нахоҳам кард.
Ҳама шаб интизори шарбати лабҳои нӯшинат,
Шаберо ман саҳар бе он лаби нӯшат нахоҳам кард.
Туро ман аз Худо талбидаму меҳри дилам гашти,
Ҳамеша дар дилам ҷушӣ,ки хомӯшат нахоҳам кард.
Чунонат дӯст медорад, Анис эй ҷ

добавлена 3 марта 2016 в 16:51

Гуфтам: «Ҳама побанди ту шуд».
Гуфт: » Шумо чӣ?»
Гуфтам:» Зи ғамат сӯхт дилам». Гуфт: » Ба мо
чӣ?»
Гуфтам:» Чӣ шавад ҳосили ман?» Гуфт:»
Надонам».
Гуфтам:» Ба сарам даст бинеҳ». Гуфт: » Ки по
чӣ?»
Гуфтам: » Диҳамат ҷавҳари ҷон?. Гуфт» Чӣ
лозим?»
Гуфтам, ки » Бале гуй маро». Гуфт: » Бало
чӣ?» Гуфтам: » Чи кунам шод шавӣ?» Гуфт,
ки: «Фарёд»
Гуфтам, ки » Санохони туам» Гуфт: » Дуо чӣ?»
Гуфтам:» Ки барад дил зи барам?» Гуфт, ки: »
Чашмам».
Гуфтам: Ҳазаре нест туро» Гуфт:» Ибо чӣ».
Г

добавлена 25 декабря 2015 в 22:54

Намегуям ту зебои азизам.
Намегуям ту бад номи азизам.
Факат як сухан дорам азизам
Туро ман дуст медорам азизам. Мархамат ба ин гурух дохил шавен. Ошико https://ok.ru/group/52810785095775

добавлена 28 июля 2015 в 14:14

Аз вафо харфе бигу то як даме
гушат кунам Дарди чонамро табобат бо лаби
нушат кунам. Рузу шаб андар хаёлам нест
гайри руи ту Худ бигу бар ман чи созам то
фаромушат кунам?

добавлена 3 июня 2015 в 13:58

Ба чашми ту рашки ту,Умри шикаста
дорам.Туро бори охирин,Мебинам эй
нигорам.На чо аст зи кисмат,Насиб нашуд
мухаббат.Гашти арус бехабар,Ба дилдори
киёмат.Напурсид туро модар,Такдир чи ишке
дори.Туро додан ба шавхар, Зи гам ту гиря дори.Худо
хофиз азизам,Дили сардаму хомуш.Месузаму
менолам, Кардам туро фаромуш.Бо либоси аруси,Чон
дар танам месузи. Бо умри бохтаи ман,Бахти дигар
месози.Ту аруси дигари, Бо дарду гам хамсари. Туй
аст ё имруз мотам,Ишкро аз ман мебари. Ин гиряам
бигзорад,

добавлена 23 мая 2015 в 19:38

Шаб чу дар бастаму маст аз майи
нобаш кардам,
Моҳ, агар ҳалқа ба дар кӯфт,
ҷавобаш кардам.
Дидӣ он турки Хато душмани ҷон буд
маро,
Гарчи умре ба хато дӯст хитобаш
кардам.
Манзили мардуми бегона чу шуд
хонаи чашм,
Он қадар гиря намудам, ки харобаш
кардам.
Шарҳи доғи дили парвона чу гуфтам
бо шамъ,
Оташе дар дилаш афкандаму обаш
кардам.
Ғарқи хун буду намемурд зи ҳасрат
Фарҳод,
Хондам афсонаи Ширину ба хобаш
кардам.
Дил, ки хунобаи ғам буду ҷигар гӯшаи
дард,
Бар сари оташи ҷ

добавлена 22 мая 2015 в 19:44

ВАҚТ Рӯзҳо мегузаранд,
Рӯзҳо аз сари мо, Аз дили
мо мегузаранд. Хабари соати дидору
ҷудоӣ бар лаб Аз раҳи манзили мо
мегузаранд. Ба назар Мо ҳама бояст зи
умр Судҳо бардорем. Бояд аз рӯз ба рӯз
Асаре бигзорем. Бояд аз рӯз ба рӯз Боз
ҳам бихраду солор шавем. На чу
дирӯза Ба як қоида такрор шавем. Лек
тадбир куҷост? Гарчи дирӯз ба сад
саҳву хатое бигузашт, Рӯзи дигар ба
дигар саҳву хато мегузарад. Чу ба
таҳқиқ ту бар хилқати одам нигарӣ,
Ростӣ, Ин ҳама аз кӯтаҳии ақли расо
мегузарад.

добавлена 22 мая 2015 в 15:38

Ба танхои гами дунё
чашидам.
Кучо рафти туро дигар надидам.
Парастуи мани дилсухта ошик.
Кучо рафти ба кадри ту расидам!

добавлена 21 мая 2015 в 18:36

Шикасти шишаи паймон туро харгиз
намебахшам, Биканди дил зи ман осон туро
харгиз намебахшам. Маро бо ишк карди рубаруву тофти
худру, Зи ман дар нимарах э@@@ туро харгиз намебахшам
Чи вакти хуш буду хушбахт будам бо ту дар дуне , Чаро
чиди зи ман домон туро харгиз намебахшам . На шукрам
кор доду на мухаббатхои бепоен , Маро карди охир сарсон
туро харгиз намебахщам. Ба рури машхар он рузе, ки
шавад сарпурсишу посух , Намоям арз бар Яздон туро
харгиз намебахшам

добавлена 8 февраля 2015 в 21:53

Источник

ДИЛ БУРИДАН АЗ ТУ ДИГЕ КОРИ МАН НИСТ БЕХТАРИН КЛИПИ ОШИКИ ВА СУРУДИ ЭРОНИ

4.61 MB
00:03:30
53

Пас аз видео дигар телефонро ҳоҷатхона намебаред

8.80 MB
00:06:41
4K

АГАР БА ЧАШМИ ХУД НАБИНЕД БОВАР НАМЕКУНЕД NECATOP

5.83 MB
00:04:26
296

Зангир нестум 1 Дон жуан ва Рафоати Чамшед клипи нав

7.72 MB
00:05:52
22K

Қорӣ Шамшод писари Тоҷиддини Муҳиддин мусиқӣ ҳаром нест

8.64 MB
00:06:34
1K

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон 19 04 2018 اخبار تاجیکستان HD

20.03 MB
00:15:13
1K

Воизон ин чилва бар минбар мекунанд Чун ба хилват мераванд он кори дигар мекунанд

1.23 MB
00:00:56
2

Сухбат бо кори Мирзомахмудчон барои САТРУ ХИЧОБ

22.61 MB
00:17:11
5K

ЧАРО КОРИ МО БАРОР НАМЕГИРА

20.18 MB
00:15:20
367

Тағоймурод Х Эй худоё раҳм кун

17.83 MB
00:13:33
244

БЛОГЕРХОИ РУС ДАСТГИРИ КАРДАН GTA 5 ВА ДИГАР НАВИГАРИХО UGP Javlon 2018

11.80 MB
00:08:58
760

Дигар дар ҳаққи келинҳои коргар бадгӯӣ намекунанд

4.15 MB
00:03:09
1K

Дил шикастан кори Ман нест

1.34 MB
00:01:01
3

Осмон ба ҳама тааллуқ дорад

5.09 MB
00:03:52
91

ИН ОТВЕТ ДАР УСМОН ВА АБДУРАХМОН нест ИН ЧИСТО ФИКРИ ХУДМАЙ

22.18 MB
00:16:51
3K

Ситора Раҳбаладии зан дар ҷомеаи мардсолори тоҷик кори осон нест

4.06 MB
00:03:05
12

1 БАРНОМАИ КОРИХО КУРОНУ КАРОНУ ГУНГОН ДОХИЛИ ЧАНАТ НАМЕШАВАНД

31.28 MB
00:23:46
947

Факти ДАХШАТНОКИ ПУЛ БАНК КРЕДИТ КАМБАГАЛИ ЧАХОНА КИ ИДОРА КАДЕСТ

20.05 MB
00:15:14
582

Чиба ба САДОИ УМЕД занг задм ва сухбат бо ВКД барои сатру хичоб

13.16 MB
00:10:00
4K

КЛИПИ НАВИ КОРИ ШАМШОД 2020 МАДАНА

6.34 MB
00:04:49
13

Очень грустная иранская песня

4.65 MB
00:03:32
9K

ТАРЗИ КУШОДАНИ ПАРОЛИ ТЕЛЕФОН ЧИ ТАРЗ ПАРОЛИ ТЕЛЕФОНРО КУШОЕМ

18.97 MB
00:14:25
1K

Кароматулло Курбонов Хайрбод Прощай с текстом песни переводом

5.53 MB
00:04:12
1K

Хароҷоти якмоҳаи ман 500 доллар аст

3.18 MB
00:02:25
2K

Сокин Ба касе ки дар гапаш намеистад бовар намекунанд

2.28 MB
00:01:44
44

Шахзоди Даврон Бовар надорам Shahzodi Davron Bovar Nadoram

4.30 MB
00:03:16
465

ОЁ МЕХОҲИ ФАРБЕҲ ШАВИ ИН НАВОР РО НИГОХ КУН 100 ТАБИИ چاق شدن ۱۰۰ طبیعی است

8.25 MB
00:06:16
2K

Келини хона Зино бо марди бегона соати 3 шаб

14.10 MB
00:10:43
5K

АГАР БИДОНЕД ҲАРГИЗ ДИГАР ТАКРОРАШ НАМЕКУНЕД ҲАТМАН БА ҲАМА РАСОНЕД

12.20 MB
00:09:16
454

ФИРУЗА ХАФИЗОВА ХАКОНИ МУЖИК БУДАЙ РАФАЭЛЬ БО ТАРАФИ ШОУ БИЗНЕСА ГИРИФТ СУЛАЙМОН АЙ ЗЕВАРОВ ХАФА

70.23 MB
00:53:22
5K

Чаро интихобот дар Тоҷикистон дигар ҷалби таваҷҷӯҳ намекунад 5 сабаби он аз диди Раҷаби Мирзо

4.78 MB
00:03:38
135

ШАВХАРАШ БАРОИ ПУЛ ШУДА ЗАНАШРО ФУРУХТ 2020شوهرش به خاطره پول همسرش را فروخت

18.10 MB
00:13:45
126

ЗАНАМ БА МАН МАХКУЛ НЕСТ Qissa 2019

2.79 MB
00:02:07
2K

Паёми мардум ба президент Эмомалӣ Раҳмон

3.77 MB
00:02:52
748

Барои Зани Якум ва Барои Зани Дуюм Ман кайфи Не Арак Водка Намехурум мазам нест

5.20 MB
00:03:57
12

Дар ҳавлии сокини Бохтар бозмондаҳои даврони Кӯшониён пайдо шуд

4.94 MB
00:03:45
1K

САДОИ УМЕД ХАКИКАТА ГУФТ ГИРЯМ ОМАД ЧАРО ИНХЕЛ АСТ LERIK TJ

Читайте также:  Реакция манту прививка от краснухи кори паротита

40.07 MB
00:30:27
1K

Гулбаҳор Ғаффорова Ҳоло аз ман халосӣ надоред

7.70 MB
00:05:51
1K

ДУХТАРИ ХОЛАМ БА МАН ХИЁНАТ КАРД دختر خآلام با من خیآنت کرد

16.23 MB
00:12:20
1K

СРОЧНО МУХОЧИРО ЧХЕЛ ХАКЕРО ПУЛОИ ШУМОРО МЕДУЗДАН

13.67 MB
00:10:23
261

Киссаи модар ва духтари золим ПАНДНОМАИ ЗИНДАГИ Шерафкани Мунир

4.69 MB
00:03:34
767

Голибчон Юсупов Модар ОВОЗИ ЗИНДА консерти 2017

8.64 MB
00:06:34
8K

КОРИ КАРДАИ И ДУХТАРИ ТОЧИКА БИНАН КИ ДИД ТО ОХИРА САРГУЗАШТИ ХАСАН РО

20.42 MB
00:15:31
705

Намешавад ман кардам нашуд Диловар Сафаров

3.44 MB
00:02:37
3K

ИНРО ЯКБОР ГУШ КУН МЕХОҲИ 100 БОРИ ДИГАР БИШНАВИ

9.15 MB
00:06:57
721

ЭХТИЁТ БОШЕН ИНХО МОШЕНИКАН

13.27 MB
00:10:05
269

МИЛЛИОНЕР бо ихтисоси ТАЛБАНДА

10.88 MB
00:08:16
250

ХАҶ ЯК БОР БИНЕД БОВАР ДОРАМ ФИКРИ ШУМО ДИГАР МЕШАВАД Омузиши навин

2.96 MB
00:02:15
163

БЕҲТАРИН ВИДЕОИ МАН БАЪДИ 3 МОҲЕКИ ЭФИР НАБУД

69.23 MB
00:52:36
629

Сӯҳроб рафт Сӯҳроби дигар ку

6.60 MB
00:05:01
26

Здесь Вы можете прослушать и скачать песни по запросу Дигар Кори Ман Нест в высоком качестве. Для того чтобы прослушать песню нажмите на кнопку «Слушать», если Вы хотите скачать песню или посмотреть клип нажмите на кнопку «Скачать» и Вы попадете на страницу с возможностью скачать песню, прослушать ее и посмотреть клип. Рекомендуем прослушать первую композицию ДИЛ БУРИДАН АЗ ТУ ДИГЕ КОРИ МАН НИСТ БЕХТАРИН КЛИПИ ОШИКИ ВА СУРУДИ ЭРОНИ длительностью
3 мин и 30 сек, размер файла 4.61 MB.

Источник

Рафтану наомадан бояд зи об омухтан.
Сузиши лахти чигаро аз кабоб омухтан.
Аз сари дунё гузаштан корихар номард нест.
Ин хама химат балнди зо офтоб омухтан

Гар харфи ту аз Хабиб бошад.
Дарди сарат аз табиб бошад.
Маро чи гариб шахр гуянд.
Ошик хамчо гариб бошад.

Гарди Ватан ба хирмани гавхар намедихам,
Реги рахи диёр ба мармар намедихам.
Як зара нангро ба хама зар намедихам,
Дунёи нангу ор манам Орёиям

Шавад рузе аз ин дунё равонем,
Ки мегуяд, ки марди бенишонем.
Ба дунё омадем бо дасти холи,
Агар рузе равем, неки бимонем.
Шарбати мехнат чашидан, кори хар номард нест,
Хар касе номард бошад, кадри у чун гард нест.
Гар тавони байни ёрон гавхари ноёб шав,
Рузи торе байни мардум, шуълаи махтоб шав.
Сарнавишти одамият хайру эхсон хасту бас,
Хизмати инсони комил карзи виждон хасту бас.

Хаставу мухточу мискин, соддаву гумрах манам,
Кори худ мондасту кори дигарон дар гарданам.
Карз домангиру гам бисёру рах дуру дароз,
Карзи укёнусиям бо катрахо чун меканам?
Села-села мардумон Руссиярав аз дасти карз,
Ман миёни селаи андух андар Механам.
Хайрхохам бехисоб асту хисоби карз гум,
Бехисоб аз дар ба дар харчанд агар сар мезанам.
Дар таги си умрам гашта торик армугон,
Харф бе айнак набинад харду чашми равшанам.

Худованде, чунин бахшанда дорем,
Ки бо чандин гунах умедворем.
Мабод он руз, к-аз даргохи лутфат,
Ба дасти номуроде, сар бихорем.
Худоё, кори моро бар салох дор,
Ки мискину парешонрузгорем

Се аломат пеша шуд бадкорро.
Бе намози шохидат он корро.
Торики сунат Расул озор шуд.
Торики фарз аз худо безор шуд.
Рафт бар дузах ба чаъми кофирон.
Дур афтод аз бихишти човидон.
Бошад он бадбахт фосик дилсиёх.
Ошкорро мекунад чурму гунох.

Надида бувад,ки чустучуяш накунад.
Хар кому забон,ки гуфтугуяш накунад.
Хар дил ки дар у тарси Илохи набувад.
Гар пеши саг афкани буяш накунад.

Гар биёби давлату дунёву мулки бех,исоб.
Ин х,ама х,айрон бимонад ч,исми беч,он мешави.
Зан кунад шуи дигар фарзанд фаромушат кунад.
Х,еч, ёди ту намеояд чу дар хок мешави.
Эй ки дори ак,лу х,уш сарфи худо кун моли худ.
Пеш аз он ки андар лах,ад пурсида вайрон мешави.

Дар забонад лоилох,ро доимо такрор кун.
Дур аз гуфтори бад бош чунки расво мешави.
Ах,ли илму толибонро гар тавони даст гир.
Бо х,унармандон нишин ок,илу доно мешави.
Бо бадон маншин ки емони ту мегардад хароб.
Дар сарои охират дар ноир сузон мешави.

Иди Рамазон имруз бар мову шумо табрик,
Ин сабру шикебои, в-ин ахду вафо табрик.
З-Аллох мадад чуем дар рохи муроди хеш,
Буе ба машом омад, аз боди сабо табрик.

Илм чандон,ки бештар хони,
Чун амал дар ту нест,нодони.
На мухаккик бувад,на донишманд,
Чорпое,бар у китобе чанд.
Он тихимагзро чи илму хабар,
Ки бар у хезум аст ё дафтар? (Саъди)

Миёни ду кас чанг оташ аст,
Суханчини бадбахт хезумкаш аст!
Кунанд ину он хуш дигарбора дил,
Вай андар миён курбахту хичил!
Миёни ду тан оташ афрухтан
На акл асту худ дар миён сухтан!

Рудаи танг ба як нони чавин пур гардад,
Неъмати руи замин пур накунад дидаи танг!

Нашояд бани Одами хокзод,
Ки дар сар кунад кибру тундию бод.
Туро бо чунин гармию саркаши,
Напиндорам,аз хоки,аз оташи?!

Бадбахтар аз мардум озор нест,
Ки рузи мусибат касаш ёр нест.

Дар сухан бо дустон охиста бош,
То надорад душмани хунхор гуш!
Пеши девор он чи гуи,хуш дор,
То набошад дар паси девор гуш!

Х,ар ки пархезу илму зухд фурухт,
Хирмане гирд карду пок бисухт.
——————————————
Бефоида хар ки умр дарбохт,
Чизе нахариду зар бияндохт.

Ба дарвозаи марг чун дарвешем,
Ба як хафта бо хам баробар шавем.
Манех дил ба ин давлати панчруз,
Ба дуди дили халк худро масуз
На пеш аз ту беш аз ту андухтанд,
Ба бедод карданд чахон сухтанд.
Чунон зи,ки зикрат ба тахсин кунанд,
Чу мурди,на бар гур нафрин кунанд

То тавони,хар залолатпешаеро рахнамои кун,
Нашуд хушнуд нафс аз ту,биё,кори худои кун.
Хамон,ки хамчу тифлон дар рахаш домони дил гирад,
Бибур бо теги химмат зудтар аз вай чудои кун.
Надори гар ту гангчи ишк дар ганчинаи ботин,
Каландарвор чуён аз дари дилхо гадои кун.(Чунуни)

Источник

Ҳунарманд мегӯяд, ӯро на як бору ду бор аз зиндагии шахсиаш пурсидаанд. Зиддияти модараш ҳам дар роҳи ба саҳна омадан — ҳамин далел буд — атрофи ҳунармандон овозаҳо зуд паҳн мешаванд ва мардум онро баъзан муболиға ҳам мекунанд. Аммо Нигина намехоҳад, ки хонаводааш зери таъсири моҷарое монанд, ки дар бораи ӯ месозанд

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik.  Нигина Амонқулова, ҳунарманди номӣ дар сӯҳбат бо рӯзноманигори тоҷик Орзу Исоев дар барномаи «Ногуфтаҳо» аз ногуфтаҳояш гуфтааст. Ин сӯҳбати ситораи шоу-бизнеси тоҷик 3 апрел дар канали Orzu дар Ютуб мунташир шуда, то имрӯз онро аллакай бештар аз 50 ҳазор бор тамошо кардаанд.

Дар мусоҳиба ҳунарманд аз падару модар, хонавода, даврони кӯдакӣ ва монеаҳо дар роҳ ба саҳна нақл кардааст. Нигина каме парда аз рӯи зиндагии шахсиаш ҳам баштааст, ки ба гуфтаи худаш, барои ҳамагон шавқовар аст. Аммо боз ҳам ӯ гуфтааст, ки зиндагии хонаводагӣ танҳо ба худи ӯ дахл дорад ва намехоҳад, аъзоёни оилааш зери таъсири моҷарое монанд, ки дар атрофаш месозанд.

Падарам марди баномус ва модарам зани бошарофату зебост

— Волидони шумо чигуна зиндагие доштанд ва ин ҳама солҳоро бо ҳам пушти сар карданд?

— Падарам марди баномус ва ботамкин аст, модарам зани бошарофат ва зебост. Ӯ барои ман аз ҳама зеботарин аст.

Онҳо ошиқ шуда издивоҷ кардаанд?

— Мо ҳам ба онҳо ин саволро бисёр медодем. Волидони падарам модарамро хуш мекунанд ва дар ин бора ба падарам мегӯянд. Аз ҳамон вақт, падарам аз пайи пайгирии модарам мешавад. Ӯ назорат мебарад, ки модарам кай аз хона мебарояд, кай ба кор мераваду кай  бармегардад. Вале фосиларо нигоҳ медорад, чун он вақтҳо урфу одатҳо қавӣ буданд ва гапзании писару духтари болиғе вайрон кардани одат мешуд.

Читайте также:  Кори сандерс убит видео

Модари шумо чандсола буданд?

— Тақрибан 20-сола буд ва муҳосиб шуда кор мекард.

-Баъди оиладор шудан, корро идома доданд?

— Бале, ҳарду — ҳам падар ва ҳам модар коргар буданд.

— Нахустин фарзанд дар хонаводаи шумо кист?

— Писар аст, акаам Хуршед, баъдан ман — Нигина ва се додари дигарам -Хусрав, Хайём, Ҳамидҷон.

— Шумо як духтар ва эрка будед?

— Бале як духтарам, вале эрка набудам.

— Акнун дар бораи падаратон нақл кунед. Чӣ касб доштанд?

— Падарам дар пойгоҳи нақлиётӣ кор мекарданд, ронанда буданд.

— Боре шикояти падарро аз таъмини хонаводаи калон шунидаед?

-Не, падарам барои мо тамоми шароитҳо — беҳтарин хӯрок ва беҳтарин пӯшокро фароҳам меовард ва боре аз мушкилии зиндагӣ шикоят накардааст.

— Шумо, ки як духтар будед, диққати волидон ба шумо бештар набуд? Бачаҳо рашк намекарданд?

— Бале, ба фикрам бештар буд, аммо писаронамон рашк намекарданд. Фақат ҷангу ҷанҷол барои бозӣ ё ягон чизи ҷузъӣ буд. Ман, ки духтар будам, зӯрашон ба ман мерасид (механдад).

Боре ман аз мактаб гурусна ба хона баргаштаму ҳар чӣ ки дар ошхона буд, хӯрдам. Ман фикр накардам, ки ҳозир бародаронам ҳам аз мактаб гурусна монда, меоянд. Ҳамин вақт, додари аз ман хурдӣ омад, ман дари ошхонаро аз дарун маҳкам кардам. Ӯ аз диреза  тақ -тақ кард, аз дар омад ва тақ -тақ кард, накушодам. Баъди сер шудан, оҳиста дарро кушодам, аз ошхона то ҳуҷраи дигар тақрибан як даҳ қадам аст, мехостам гурезам, ки онҳо маро дастгир карданд ва ҷазоямро доданд…

— Хабаркашӣ мекардед, аз ин рафтори онҳо шикоят мекардед?

-Хабаркашӣ мекардам, вале бенатиҷа буд.

— Боре шоҳиди гуфтугузори ҷиддии падару модар шудаед?

— Бале, шудаам, фикр мекунам, инро ҳама дидаанд. Он лаҳзаҳо чунон эҳсосӣ мешаванд, ки дигар фикр намекунанд, инҷо кӯдак ҳаст. Ин дар ҳама хонавода ҳаст.

-Ҳоло аз хонаводаатон дар Панҷакент кӣ зиндагӣ мекунад?

— Акаи калониам ҳамроҳи оилааш дар Панҷакентанд, ман бо падару модарам дар Душанбе ҳастем.

— Падару модаратон чандсолаанд?

— Падарам 56 ва модарам 54-солаанд.

— Волидон Душанберо чигуна қабул карданд?

— Аввал душвор буд, чун лаҳҷа дигар аст, муносибати одамон каме фарқ мекунад. Барои ҳамамон душвор буд. Барои ман ҳам. Аммо онҳо намехостанд маро танҳо инҷо гузошта раванд.

Бародарҳои калониатон намехоҳанд инҷо (Душанбе) бошанд?

— Не.

— Тӯҳфаи дӯстдоштаи модаратон кадом аст?

— Гул.

— Боре барои волидон сюрприз кардаед?

— Фикр мекунам не, чун ҳама кори ман бо маслиҳати онҳо мешавад.

Мушкилӣ дар роҳ ба саҳна

— Барои саҳна омадан, дучори мушкилие шудед?

— Буд, падарам аввал бисёр монеагӣ кард ва чун аз мардум фаҳмид, ки ҳунари ман ба онҳо писанд асту мехоҳанд, ки ман сароянда бошам,  қабул кард. Модарам ҳам намехост, ки ман ҳунарманд шавам, чун атрофи ҳунармандон гап зуд паҳн мешавад ва мардум муболиға мекунанд, ӯ инро намехост.

— Кӣ ҷонибдор буд?

— Фақат худам.

— Бародарон чӣ?

— Умуман намехостанд. Аммо бибиам ва холаи падарам маро дастгирӣ карданд. Бибиии ман зани аҷоиб аст, худаш ҳам дар ҳама ҷо суруд мехонад дар ҳар маҳфил то ҳол маҳфилорост. Зеро падараш марди ҳунарманд буд, бо дутор суруд мехонд.

— Падаратон чиро намеписандад?

— Падарам марди ҷиддӣ аст, нисбати мо доим муносибаташ ҷиддӣ буд. Ӯ марди саросема аст, мехоҳад, ки ҳама кораш пешакӣ шавад.

— Модар чӣ, хашм дошт?

— Фикр мекунам, агар модар хашмашро нишон надиҳад, фарзандон писанд намекунанд, модарам дар ҷое бисёр ҷиддӣ ва дар ҷое бисёр меҳрубон буд.

— Модаратон шуғли дӯстдоштае дошт?

— Модарам тоқидӯз буд, бибиам тоқӣ мефурӯхтанду модарам медӯхтанд.

— Падаратон хӯроки дӯстдошта дорад?

— Падарам хӯрокҳои сергӯштро дӯст медорад.

— Шуморо дар хона чӣ мегуфтанд?

— Маро ҳама бонуҷон мегуфтанд. Кам номамро мегирифтанд.

«Намехоҳам хонаводаам зери таъсири зиндагии саҳнавии ман монанд»

— Акнун Нигинабону, роҷеъ ба ҳаёти шахсии худатон гап занед.

— Рости гап, ба ман бисёр ин саволро медиҳанд. Аммо як чизро таъкид кардан мехоҳам, ки зиндагии шахсиам фақат ба худи ман тааллуқ дорад. Чун намехоҳам фарзандонам, шавҳарам, падару модарам, аҳли хонаводаи ман зери таъсири зиндагии саҳнавии ман бошанд, зери таъсири суханҳои мардуму моҷарое, ки гирди ман месозанд, зери он бошанд.

— Ба ҳар ҳол, бо ду ҳарф бигӯед, ки зиндагиатон хуб асту ором аст ва шумо хушбахт ҳастед?

— Бале, зиндагии ман ором аст, ки ман саҳнаро тарк накардаам. Кӯдаконам маънои зиндагии мананд, писари калониам синфи 3 мехонад, ва писарчаи дувумам якунимсола шуд.

   Ёдрас мешавем, дар арафаи таҷлили ҷашни соли нави соли 2018 Нигина Амонқулова дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон хабар дода буд, ки чанде пеш соҳиби писар шуд ва номашро Довудҷон гузошт.

Нигина Амонқулова яке аз овозхонҳои маъруфи Тоҷикистон аст, ки дар байни ҳунармандон бо либоспӯшии махсуси тоҷиконааш дар саҳна фарқ мекунад. Ин ҳунарманд пас аз як баромади худ дар «Андалеб» ба саҳна роҳ ёфт ва мавқеи худро низ пайдо карда тавонист.

Источник

Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро,
Бо дигар кас ошноӣ хуш намеояд маро.
Гўиям рав з-ин дару султони вақти хеш бош!
Баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро.
Чокаронатро намегўям, ки хоки он дарам,
Бо бузургон худситоӣ хуш намеояд маро.
Гуфтамаш: дар оби ораз акси ҷони мо намо!
Гуфт: ҳар дам худнамоӣ хуш намеояд маро.
Аз лаби лаълат напарҳезам ба даври он ду чашм,
Пеши мастон порсоӣ хуш намеояд маро.
Мункири зўҳдам ба рўят то назарбоз омадам,
Покбозам ман, дағоӣ хуш намеояд маро.
Сўфиён гўянд чун мо хезу дар рақс о, Камол,
Ҳолату ваҷди риёӣ хуш намеояд маро.

***

Дил муқими кўи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтан танҳо ғариб.
Орзўманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб?!
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо,
Меҳнати ғурбат надонад ҳеҷ кас, илло ғариб.
Ҳаргиз аз роҳи карам рўзе напурсидӣ, ки чист,
Ҳоли зори мустаманди монда дур аз мо ғариб.
Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,
Дар чунин шаҳре,ки мебинӣ кӣ афтад бо ғариб?!
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб!

***

Дарди ту беҳ аз давост, эй дўст!
Андўҳи ту ҷонфизост, эй дуст!
Дарюза, ки кард ошиқ аз ту,
Ҷуз дарду бало нахост, эй дўст!
Ман он ки зи муфлисӣ надорам —
Чизе ки туро сазост, эй дўст!
Пеши ту ниҳам ду чашми равшан,
Гўям назари сафост, эй дўст!
Гуфтӣ:— Кушамат, вале раво нест; —
Гар дўст кушад равост, эй дўст!
Дил ҳар чӣ ба васфи қоматат гуфт,
Овард худош рост, эй дўст!
Кардам ба қади ту ин ғазал рост,
Бинвис, Камол, рост, эй дўст!

***

Гар ба майхона ҳарифи маю шоҳид бошам,
Беҳ ки дар савмиа биншинаму обид бошам.
Вақти он шуд, ки иқомат ба харобот кунам,
То ба кай мўътакифи гўшаи масҷид бошам?
Домани пири муғон гар фитад ин бор ба даст,
Мани саргашта чаро толиби муршид бошам?
Солҳо бар дари майхона нишинам беҳ аз он,
Ки аз ин гўшанишинони муқаллид бошам.
Зўҳд дар савмиа меварзаму ин риндӣ нест,
Риндӣ он аст, ки дар майкада зоҳид бошам.
Ёр агар з-оҳи мани хаста накў андешад,
Фориғ аз қасди бадандешии ҳосид бошам,
Зиндагӣ дар сари тақво шуду ҳайф аст, Камол,
Ки ҳама умр дар ин фикрати фосид бошам.

Читайте также:  Митигированная корь что это

***

Ёр гуфт: «Аз ғайри мо пўшон назар». Гуфтам: «Ба чашм».
«В-он гаҳе дуздида дар мо менигар». Гуфтам: «Ба чашм».
Гуфт: «Агар ёбӣ нишони пои мо бар хоки роҳ,
Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар». Гуфтам: «Ба чашм».
Гуфт: «Агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод,
Ташнагонро муждае аз мо бибар». Гуфтам: «Ба чашм».
Гуфт: «Агар гардад лабат хушк аз дами сўзони мо,
Боз месозаш чу шамъ аз дида тар». Гуфтам ба чашм»,
Гуфт: «Агар бар остона об хоҳӣ зад зи ашк,
Ҳам ба мижгонат бирўб он хоки дар». Гуфтам: «Ба чашм».
Гуфт: «Агар гардӣ шабе аз рўи чун моҳаш ҷудо,
То саҳаргоҳон ситора мешумар». Гуфтам: «Ба чашм».
Гуфт: «Агар дорӣ хаёли дурри васли мо Камол,
Қаъри ин дарё бипаймо сар ба сар». Гуфтам: «Ба чашм».

***

Биҳамдуллаҳ, ки дигарбора рўи дўстон дидам,
Чу булбул мекунам мастӣ, ки боғу бўстон дидам.
Ман он мурғи хушилҳонам, ки берун аз қафас худро,
Ба иқболи баҳор эмин зи ташвиши хазон дидам.
Фалак гар тофт рўи меҳру баргардид аз ёрӣ,
Фаромўшам шуд он боре чу рўи меҳрубон дидам.
Шаби rадре, ки меҷустам ба хобу рўзи некўӣ,
Чу он мў дидаму он рў, ҳам ин дидам, ҳам он дидам.
Муроди ман миёни ёр буд, он дар канор омад,
Миёни роҳат афтодам, чу ранҷи бекарон дидам.
Замони васл, к-аз дигар замонҳо беҳ ниҳад ошиқ,
Ба рўи дўстон ман ин замонро аз замон дидам.
Камол он дам, ки хоҳӣ дид бо ёрон қарин худро,
Бигў ин давлат аз юмни шаҳи соҳибқирон дидам.

***

Хоки поят дўст дорад рўи ман,
Нест айбе, дўстон, ҳуббулватан.
Хок гаштам, ин сухан чанд, э рақиб,
Дар даҳан дорӣ, ки хокат дар даҳан!
Орзўи мост зулфат бишканаш,
Дар ҷаҳон як орзўи мо шикан!
Гуфтаӣ: дигар насўзам ҷони ту,
Ҷони ман, дигар чӣ бошад сўхтан?
Ман хасам, ту оташӣ дар интизор,
Дар дили хас з-интизор оташ мазан!
Э рақиб, ар чашмам аз сар барканӣ,
Чашм аз ў гар барканам, чашмам бикан!
Ақлу дил гуфтам, кӣ дуздид аз Камол,
Зери лаб хандон: «Чӣ донам», — гуфт — ман.

Баъд аз имрўз ошкоро дўст медорам туро,
Аз ту чун пўшам, нигоро, дўст медорам туро.
Дар вуҷуди ман зи ҳастӣ ҳар сари мўе, ки ҳаст,
Дўст медорад маро, то дўст медорам туро.
Хоҳ дар дил бош сокин, хоҳ дар ҷoн шав муқимӣ.
Гар дар ин ҷоӣ в-ар он ҷо, дўст медорам туро.
Орам ояд пеши сарву лола рафтан дар чаман,
То бад{он рухсору боло дўст медорам туро.
Гар набошӣ дўстдорам: дўст дорам ҳамчунон,
3{он ки ман бе ин таманно дўст медорам туро.
Дидаву дил ҳар яке танҳо туро доранд дўст,
Худ мани бедил на танҳо дўст медорам туро.
Гуфтаӣ, Хун резамат, то душманам дорӣ, Камол,
Ман худ аз баҳри чунинҳо дўст медорам туро.
***
Каъбаи кўяш мурод аст ин дили овораро,
Бо муроди дил расон, ё раб, дили бечораро.
Дил дар он кў рафту шуд овора, ман ҳам меравам,
То аз он оворатар созам дили овораро.
Дар миёни хору хоро гар туӣ ҳамраҳ маро,
Гул шиносам хорро, дебо шуморам хораро.
Гар аз он доман бад-ин дарвеш васле мерасид,
Порае медўхтам ин ҷони пора-пораро.
Сўи зулфаш рафтаму дидам, ки дар банди дил аст,
Ҷуз мани шабрав кӣ донад макри ин айёраро.
Пеши ноаҳлон чӣ ҳосил зикри пурдонӣ, Камол,
Донаи гавҳар чӣ резӣ мурғи арзанхораро.
***
Ҷоно ба ҷуз лабони ту оби ҳаёт нест,
Ширинтар аз лабони ту ба олам набот нест.
Рўзи нахуст, эй шаҳи хубон, ба ошиқон,
Рухро чаро намудӣ, агар майли мот нест.
Гуфтам: Давои дарди диламро хате навис,
Гуфто: Давот чун бинависам, давот нест.
Доғи ҷафот ба ҷони мани хастадил манеҳ,
Рўзе ки дар вафот бимирам, вафот нест.
Гуфтам: Закоти лаъли лабат бўсае бидеҳ,
Гуфто: Бирав Камол, ки вақти закот нест.
***
Харобаи дили ман пур шуд аз муҳаббати дўст,
Мабод ҳеҷ диле холӣ аз муваддати дўст.
Кадом давлату фурсат биёфт, ҳар кӣ наёфт,
Саодати шарафи васли ёру сўҳбати дўст.
Агарчи дархўри ў хидмате намеояд,
Шавем мўътакифи остони хидмати дўст.
Расад ба ғояти ҳимат чунон ки дилхоҳ аст,
Забону дасту дили ман зи шукри неъмати дўст.
Камоли хастадилу номуроду беҳосил,
Чӣ бошад, ар ба муроде расад зи давлати дўст?

***

Дур аз Худост хоҷа магар бе иродат аст,
Хидмат насиби бандаи соҳибсаодат аст.
Аз сидқ дам мазан, чу нагаштӣ шаҳиди ишқ,
Даъвии ин мақом дуруст аз шаҳодат аст.
Бишкан бути ғурур, ки дар дини ошиқон
Як бут, ки бишкананд, беҳ аз сад ибодат аст.
Зоҳид ниҳад миёни кулоҳу амома фарқ,
Мискин ҳанўз дар ҳуҷуби* расму одат аст.
Нози табиб дур зи ҳикмат бувад кашид,
Моро, ки аз ҳабиб умеди аёдат аст.
Бо ҷавр меҳри дил нашавад мунтаҳӣ,** Камол,
Он ҷо ки мунтаҳои камоли иродат аст.
Гў, ҷавр беш кун ба муҳиббони хеш боз,
Чандон, ки ҷавр беш муҳаббат зиёдат аст.
—————–
* Ҳуҷуб — ҳиҷобҳо.
** Мунтаҳӣ — ба охир расида.

***

Дўстон, гар кушт моро дўст, мо донему дўст,
Чун ҳалоки мо ризои ўст, мо донему дўст.
Гар навозад, гар гудозад ҷони мо, касро чӣ кор
В-ар ба ҷон душман шавад ё дўст, мо донему дўст.
Дидаи гирёни мо дар пои ҳар сарву гуле,
Гар аз ин ғам кам зи тори мўст, мо донему дўст.
Кас надонад аз барои кист сар бар хоки роҳ,
Он, ки доим бар сари он кўст, мо донему дўст.
Чанд печидан дар ин, к-аз ғам танат шуд риштае,
Гар аз ин ғам зи тори мўст, мо донему дўст.
Ин суханҳо то каят гуфтан, ки бе раҳм асту меҳр,
Гар дилаш дил нест, сангу рўст, мо донему дўст.
Бо накўхоҳону бадгўён бигў аз мо, Камол,
Дўст бо мо бад в-агар некўст, мо донему дўст.

***

Дўстон, ёри ману дилбару дилдори ман ўст,
Ман дигар дўст надорам ба ҷуз ин мўнису дўст.
Фикри бисёр чӣ ҳоҷат, ду рухаш чун дидам,
Гар бибозам сару гар низ назар, ҳар ду накўст.
Хондаӣ қиссаи тўбӣ, ки баромад зи биҳишт,
Тўбӣ ин қомати дилҷўю биҳишт он сари кўст.
Ҳамчу зулфаш ба салосил натавон дошт нигоҳ,
Ҳар киро силсилаҷунбон дили он силсиламўст.
Бори саҷҷода кашидӣ ҳама вақте дўшам,
Дар сар акнун маю бар дўш маро бори сабўст.
Баски дар пой кашон кард сари мискинон,
Зулфи мушкинаш аз ин шарм сарафканда фурўст.
Зоҳидам гуфт: Нашуд оқилу ҳушёр Камо?