Кори курси аз фанни макроиктисод

Назарияи   макроиқтисод.
Таркиб таносубҳои иқтисоди миллӣ

1. 1  Назарияи макроиқтисод

1.2. Мафҳум, таркиб ва мақсадҳои иқтисоди миллии муосир.

1.3.Таносубҳои иқтисоди миллӣ.

1. 1  Назарияи макроиқтисод

              Яке аз қисматҳои асосии назарияи иқтисодӣ –
макроиқтисод мебошад. Макроиқтисод ҳодисаҳои умумиеро тадқиқ мекунад, ки рафтори иқтисоди миллиро инъикос менамоянд.

Макроиқтисод – як
қисми назарияи иқтисодӣ мебошад, ки шароит, омилҳо ва
натиҷаҳои тараққиёти иқтисоди миллиро меомӯзад.

Назарияи макроиқтисодро олимони Юнони Қадим Афлотун ва Арасту ба вуҷуд овардаанд. Ин назария дар охири асри XIX
ва оғози асри XX аз ҷониби мактабҳои гуногуни назарияи иқтисодӣ, хусусан аз ҷониби намояндагони мактаби марксиста, кейнсчигӣ, монетаристӣ ва мактаби институтсионализми иҷтимоӣ инкишоф дода шудааст.

Объектҳои асосии
омӯзиши макроиқтисод чунин масъалаҳои асосии иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд: шуғли аҳолӣ, беқурбшавии пул, дахолати давлат ба иқтисод, рушди иқтисодӣ, истеъмолот, маблағгузорӣ, маҷмӯи арза, маҷмӯи
тақозо ва ғайра.

1.2. Мафҳум, таркиб ва мақсадҳои иқтисоди миллии муосир

          Мафҳуми «иқтисоди миллӣ» яке аз фаҳмишҳои марказии
назарияи макроиқтисод ба ҳисоб меравад. Ин мафҳумро бори аввал олими амрикоӣ Василий Леонтев ҳамчун низоми худтанзимшаванда, ки аз фаъолиятҳои гуногуни ба ҳамдигар алоқаманд таркиб ёфтааст, истифода карда буд.

Иқтисоди
миллӣ низоми таърихан
бавуҷудомадаи такрористеҳсоли ҷамъиятӣ, ё
маҷмӯи соҳаҳою шаклҳои истеҳсолоти ба ҳамдигар
алоқамандеро меноманд, ки тамоми шаклҳои меҳнати ҷамъиятиро фаро гирифтааст.

Асоси иқтисоди миллиро корхонаҳо, фирмаҳо, ташкилотҳо,
хоҷагиҳои хонагӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо дар низоми тақсимоти ҷамъиятии
меҳнат вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд.

Иқтисоди миллӣ аз соҳаи истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ иборат
аст.

Соҳаи истеҳсолӣ маҷмӯи соҳаҳои тавлидкунандаи маҳсулоти ҷамъиятӣ буда, ба он асосан саноат, хоҷагии қишлоқу
савдо, нақлиёт ва дигар соҳаҳои тавлидкунандаи мол дохил мешаванд.

Соҳаи истеҳсолӣ дар навбати худ ба истеҳсолоти
моддӣ ва истеҳсолоти ғайримоддӣ ҷудо мешавад:

         Истеҳсолоти моддӣ
истеҳсолотест, ки дар он воситаҳои истеҳсолот ва предметҳои истеъмолӣ истеҳсол
карда мешаванд. Дар назарияи иқтисод
истеҳсолоти моддиро ба истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот (соҳаи I) ва истеҳсоли
чизҳои истеъмолӣ (соҳаи II) низ ҷудо
мекунанд. Агар сухан дар бораи саноат равад, онҳоро гурӯҳи А ва гурӯҳи Б меноманд.

Истеҳсолоти ғайримоддӣ аз истеҳсолоти моддӣ бо маҳсулоти худ, ки шакли ғайримоддиро дорад,
фарқ мекунад. Ба истеҳсолоти ғайримоддӣ соҳаҳои илм, санъат, маданият, маориф,
тандурустӣ ва ғайра дохил мешаванд, бинобар
ҳамин, онро соҳаи истеҳсоли хизматҳо низ меноманд.

Соҳаи ғайриистеҳсолӣ соҳае мебошад, ки маҳсулот истеҳсол накарда, балки дар тақсимоти он ширкат меварзад. Ба соҳаи ғайриистеҳсолӣ мудофиа,
ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои динӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дохил
мешаванд.

Дар
назарияи иқтисод таркиби истеҳсолӣ, таркиби
иҷтимоӣ, таркиби соҳавӣ ва таркиби минтақавии
иктисоди миллиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Таркиби
истеҳсолӣ тақсими истеҳсолкунандагони миллиро ба
субъектҳои иқтисодии асосӣ инъикос мекунад. Аслан се гурӯҳи истеҳсолкунандагони асосиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:
хоҷагиҳои хонагӣ, фирмаҳо ва давлат.

Таркиби
иҷтимоии иқтисоди миллӣ тақсимоти онро мувофиқи
шаклҳои моликият ифода мекунад. Ба таркиби иҷтимоӣ соҳаи (сектори) давлатӣ, соҳаи коллективӣ, соҳаи хусусӣ, соҳаи
шахсӣ ва соҳаи омехта дохил мешаванд. Таркиби иҷтимоӣ ҳангоми       таҳлили      иқтисоди     миллӣ
   нақши    муҳим    мебозад    ва   
ба инкишофи ин соҳаҳо асосан мувофиқи
ҳиссаи онҳо ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё даромади миллӣ баҳо медиҳанд. Масалан,
соли 2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи
соҳаи иқтисод нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) чунин буд: истеҳсоли
молҳо – 48,9%, хизматрасонӣ –
39,6% ва андозҳо – 11,5%.

        Таркиби соҳавии иқтисоди
миллӣ тақсими онро бо соҳаҳои гуногуни вазифаи ягонаи иҷтимоӣ-иқтисодиро
иҷрокунанда ифода менамояд. Ба таркиби соҳавии иқтисоди миллӣ саноат, хоҷагии қишлоқ,
илм, сохтмон ва дигар соҳаҳо дохил мешаванд, ки ҳар яки онҳо аз зерсоҳаҳо иборат мебошанд.

Читайте также:  Вакцина от кори взрослым инструкция

Таркиби
минтақавии иқтисоди миллӣ мувофиқи ҷойгир шудани
қувваҳои истеҳсолкунандаи миллӣ дар кишвар
муайян карда мешавад. Асосан ба
таркиби минтақавӣ ноҳияҳои иқтисодиро дохил
мекунанд. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои шимолӣ, ноҳияҳои ҷанубӣ,
ноҳияҳои марказӣ (тобеи марказ) ва ноҳияҳои Бадахшони Кӯҳиро аз ҳамдигар ҷудо
намудан мумкин аст.

Мақсадҳои асосии ҳама гуна иқтисоди миллӣ инҳо мебошанд:

            
таъмини суръати бештари афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти миллӣ ба хотири паст намудани шиддати
бӯҳрони иқтисодӣ;

таъмини дараҷаи устувори нархҳо ба
хотири баланд бардоштани курби пули миллӣ ва таъмини мувозинати тақозою арза;

             таъмини содироти бештари молу хизматҳо ба
хотири афзоиши содироти соф (фарқи байни содирот ва воридот) ва таъмини ҷиҳати мусбии тавозуни пардохт;

                 таъмини дараҷаи баланди шуғли
аҳолӣ ба хотири таъмини ҳамаи аҳолӣ бо
музди кор, ҷои кор ва талаботи бо маблағ таъминбуда.

1.2 Таносубҳои иқтисоди миллӣ

           Таносубҳои
иқтисоди миллӣ ва таъмини мувозинати онҳо яке аз масъалаҳои асосии макроиқтисод ба ҳисоб мераванд.

        Таносубҳои
иқтисоди миллӣ гуфта, муносибати миқдории байни қисматҳо ва соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти
ҷамъиятӣ, инчунин муносибати
байни соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиро меноманд. Таносубҳои иқтисодиро
таносубҳои макроиқтисодӣ низ меноманд, ки
вобаста ба ҳар як низоми иктисодӣ хусусияти ташкилшавии худро доранд. Масалан, дар
шароити иқтисоди бозорӣ онҳо дар асоси қонунҳои бозор ташкил карда мешаванд.

Низоми таносубҳои
макроиқтисодӣ аз қисмҳои зерин иборат  аст:

  1. Таносубҳои умумииқтисодӣ, яъне таносубҳо байни
    соҳаҳои калонтарини иқтисоди миллӣ. Масалан,
    дар байни истеҳсолоту истеъмолот, дар
    байни истеъмолот ва пасандоз, дар байни соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ва ғайримоддӣ.
  2. Таносубҳои байнисоҳавӣ, яъне дар байни соҳаҳои иқтисоди
    миллӣ. Масалан, дар байни саноат ва
    хоҷагии қишлок.

3)       Таносубҳои минтақавӣ, яъне таносубҳои
умумииқтисодӣ ва соҳавӣ дар ҳудуди
минтақаҳои алоҳида.

4) Таносубҳои
байнидавлатӣ, яъне таносуб байни давлатҳо
дар асоси тақсимоти байналхалқии меҳнат.

       Таносубҳои макроиқтисодиро
инчунин вобаста ба шакли инъикосшавиашон ба таносубҳои ашёӣ-натуравӣ,
таносубҳои арзишӣ ва таносубҳои тақсимоти захираҳои меҳнатӣ низ ҷудо мекунанд.

       Таносубҳои ашёӣ-натуравӣ муносибати байни истеҳсол ва
истеъмоли молу хизматҳои алоҳидаро
инъикос мекунад. Масалан, байни истеҳсол ва истеъмоли равғани растанӣ ва ғайра. Таносубҳои мазкур дар
асоси тавозуни моддӣ таҳлил карда мешаванд.

       Таносубҳои арзишӣ муносибати байни унсурҳои алоҳидаи
маҷмӯи маҳсулоти миллиро инъикос мекунанд. Масалан, даромади байни корхонаҳо,
байни давлатҳо, байни гурӯҳҳои аҳолӣ ва ғайра.

       Таносубҳои тақсимоти
захираҳои меҳнатӣ муносибати
байни захираҳои меҳнатии соҳаҳои истеҳсолот ё
минтақаҳои алоҳидаро инъикос мекунанд. Масалан, таносуби байни захираҳои меҳнатии
шаҳру деҳот ва ғайра.

Мувофиқи ақидаи бештари иқтисодшиносон таносубҳои асосии
иқтисоди миллӣ ин таносуб байни соҳаи I (истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот) ва
соҳаи II (истеҳсоли чизҳои истеъмолӣ), инчунин
таносуб байни фонди истеъмол ва фонди
маблағгузорӣ мебошанд, зеро ки аз ин таносубҳо суръати афзоиши такрористеҳсоли
ҷамъиятӣ вобастагии бештар дорад. Азбаски таносубият (мувофиқат) байни
таносубҳо устувор нест, бинобар ҳамин мувозинати иқтисоди миллӣ низ
устувор буда наметавонад. Сабаби ҷой доштани
чунин ҳолат дар он аст, ки дар зери таъсири прогресси илмию техники ва истеъмолоти умумӣ таносубҳо низ тағйир меёбанд.

Источник

Хуш Омадед ба Сайти Мо. Шумо метавонет дар ин сомона малумотхоро озодона дастрас намоед ин
сомона барои дастгири донишчуён ва барои бехтар кардани саводноки равона карда шудааст

программа: русси-точики точики-русси англиси-точик

Барномаи луғати
англисӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ-англисӣ
Акнун Шумо метавонед бе
восита аз як забон ба дигар забон нагузашта калимаи ҷустуҷӯ мекардаатонро дар як майдон ворид намуда ёфта метавонед. Вориди хоҳ калимаи тоҷикӣ хоҳ русӣ дар як м … (Read More)

0,00 ₽

китоби туризм.docx

Microsoft Word Document
3.9 MB

Рақобатпазирии иқтисодиёти милли ва усу

Microsoft Word Document
463.5 KB

Индустрияи туризм њамчун объекти менељм

Microsoft Word Document
619.0 KB

стра. паст . камбизи 07-09.doc

Microsoft Word Document
500.5 KB

Сармоягузории хориљи ба секторњои мењмон

Microsoft Word Document
409.5 KB

Бозори хадамоти туристї њамчун заминаи б

Microsoft Excel Table
783.5 KB

Таърих, моњият ва омилњои инкишофи тури

Microsoft Excel Table
704.5 KB

сармоягузори дар мехмонхонахо.doc

Microsoft Word Document
409.0 KB

Низоми нишондињандањои хизматрасонии

Microsoft Word Document
29.4 KB

Туризми экологии.docx

Microsoft Word Document
48.3 KB

Мафњуми туризм намудњо ва шаклњои он.doc

Microsoft Word Document
444.0 KB

кори курси андоз.doc

Microsoft Word Document
170.5 KB

Масъалањои рушди туризм дар Тољикистон.d

Microsoft Word Document
580.4 KB

туризми экологи work of Muzaffar.doc

Microsoft Word Document
1.1 MB

МИНТАЌАЊОИ ТУРИСТИ ВА РЕКРЕАТСИОНИИ ЉУМЊ

Microsoft Word Document
274.0 KB

мухаммадчонзода шабнам.doc

Microsoft Word Document
1.8 MB

кори дипломи таърихи Панљакент.docx

Microsoft Word Document
2.8 MB

Когазхои киматнок диплом.doc

Microsoft Word Document
523.5 KB

кори дипломи Сугуртаи Давлатии Ичтимо

Microsoft Word Document
106.0 KB

Дар мавзуи Технологияи ахбории бехатарии

Microsoft Word Document
330.5 KB

МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДИИ ГЕОГРАФӣ ВА РУШТИ С

Microsoft Word Document
306.0 KB

Равандњои асосии таъсиррасонии антропо

Microsoft Word Document
1.2 MB

таваррум.doc

Microsoft Word Document
720.5 KB

Тахлили бучет .doc

Microsoft Word Document
835.5 KB

код 1111

код 1111

Сиёсати молиявию буxети дар давраи [озир

Microsoft Word Document
492.5 KB

Масъалањои рушди туризм дар Тољикистон.d

Microsoft Word Document
580.4 KB

Фоидаи корхона.doc

Microsoft Word Document
508.0 KB

«Рушди индустрияи туризм дар давлатњои м

Microsoft Word Document
3.3 MB

Бањои иќтисодї ба сарватњои табиї ва љой

Microsoft Word Document
19.0 KB

вазъи туризми кухсор.doc

Microsoft Word Document
2.1 MB

диплом культурный туризм.docx

Microsoft Word Document
140.9 KB

Рушди минтаќаи туристї ва рекриатсиони К

Microsoft Word Document
6.5 MB

минтакай балчувон.docx

Microsoft Word Document
1.7 MB

Моњият, таърих ва омилњои инкишофи туриз

Microsoft Word Document
425.0 KB

МУШКИЛОТИ ТАРАЌИЁТИ ТУРИЗМИ ТОЉИКИСТОН Д

Microsoft Word Document
486.0 KB

Њисор (Ќалъаи Њисор).doc

Microsoft Word Document
611.0 KB

Объектњо ва комплексњои табиї таърихї т

Microsoft Word Document
554.5 KB

Объектхои туристию табобати ва истиро

Microsoft Word Document
167.1 KB

Равандњои асосии таъсиррасонии антропо

Microsoft Word Document
1.2 MB

Сарватхои табиии чахон.doc

Microsoft Word Document
251.0 KB

Таблиғот ва мавќеи он дар рушди бизнеси

Microsoft Word Document
387.0 KB

ТАРАЌЌИЁТИ МУНОСИБАТЊОИ ТИЉОРАТЇ ДАР БАЙ

Microsoft Word Document
106.7 KB

ташкили туризм дипломи.docx

Microsoft Word Document
528.5 KB

туризми кухи.doc

Microsoft Word Document
2.1 MB

Таҳлили рушди туризм ва хусусиятҳои замо

Microsoft Word Document
669.5 KB

Беќурбшавї ва олотњои танзими он.doc

Microsoft Word Document
235.0 KB

Бозорхои байналхалкии асъор ва молиявию

Microsoft Word Document
104.0 KB

Иктисодиёти чахон хамчун система.doc

Microsoft Word Document
25.0 KB

Интегратсия дар минтакаи Осиё ва Укёнуси

Microsoft Word Document
47.5 KB

Интегратсияи шимолиамрикои.doc

Microsoft Word Document
49.0 KB

Карз, хамчун харакати сармояи карзи. .do

Microsoft Word Document
197.5 KB

Китоби андоз.doc

Microsoft Word Document
1.2 MB

китоби матиматикаи оли.docx

Microsoft Word Document
3.6 MB

КОНУНИ ЧТ дар бораи молия.docx

Microsoft Word Document
53.9 KB

Манбаҳои ташкилёбии буҷети ҷумҳуриявӣ.do

Microsoft Word Document
8.6 MB

Мафњум, маќсад ва вазифањои менељмен

Microsoft Excel Table
1.0 MB

Моҳият ва зарурияти молия дар шар

Microsoft Word Document
681.0 KB

Мохият ва намудхои курби асъор.doc

Microsoft Word Document
103.5 KB

Мохият ва сохтори МИБ.doc

Microsoft Word Document
106.5 KB

Мохият, шаклхо ва накши интегратсияи бай

Microsoft Word Document
144.0 KB

Муаммохои хоси ташкили механизмхои молия

Microsoft Word Document
602.5 KB

Мухочирати байналхалкии кувваи кори.doc

Microsoft Word Document
97.0 KB

Назария ва амалияи назорати молиявї.doc

Microsoft Word Document
422.5 KB

НИЗОМНОМАИ РАЁСАТИ МАРКЕТИНГ, ФАЪОЛИЯТИ

Microsoft Word Document
101.0 KB

Роњњои такмил додани назорати молияви да

Microsoft Word Document
476.5 KB

Савдои байналхалrии хизматрасонb..doc

Microsoft Word Document
85.0 KB

Савдои берунии молхо.doc

Microsoft Word Document
37.5 KB

Сармоя хамчун омили истехсолот шартхои х

Microsoft Word Document
153.0 KB

Сиёсати молиявию буxети дар давраи [озир

Microsoft Word Document
492.5 KB

Сохтори сохавии иктисодиёти чахони.doc

Microsoft Word Document
121.0 KB

Тавсифи умумии системаи андози Љумњурии

Microsoft Word Document
611.5 KB

Таксимоти байналхалкии мехнат.doc

Microsoft Word Document
85.0 KB

Хизматрасонии наклиёт дар туризм.doc

Microsoft Word Document
991.5 KB

Ташкил ва усулњои таъсисёбии мушоњидаи

Microsoft Word Document
141.0 KB

Макро лек..docx

Microsoft Word Document
179.1 KB

Микро лек..doc

Microsoft Word Document
240.0 KB

иктидори тур.ва рушди дурн.он ЧТ (Рауф).

Microsoft Word Document
119.9 KB

Хизматрасонии наклиёт дар туризм.doc

Microsoft Word Document
991.5 KB

кори дипломи Азизмамадов Мехмонхона.docx

Microsoft Word Document
488.8 KB

111 Муаммохои хазинадори.doc

Microsoft Word Document
688.0 KB

Ташкил ва техникаи тиљорати байналхалќї

Microsoft Word Document
907.5 KB

АСОСЊОИ НАЗАРИЯВИИ САРМОЯГУЗОРИЊОИ ХОРИЉ

Microsoft Word Document
1.8 MB

Ба танзимдарории когазхои кимматнок дар

Microsoft Word Document
530.5 KB

Њолати сармоягузорї дар Љумњурии Тољикис

Microsoft Word Document
922.0 KB

Дар бораи инвеститсияхо.doc

Microsoft Word Document
153.0 KB

Тавсифи умумии системаи андози Љумњурии

Microsoft Word Document
611.5 KB

Ташкил ва техникаи тиљорати байналхалќї

Microsoft Word Document
907.5 KB

Источник