Озмуни чойхои кори холи

  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи январ

    0,6%

  • 8,0%
  • Пулҳои захиравӣ (январ), млрд. сомонӣ

    18,6

  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат

    6% (±2)

  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 феврали с.2020)12,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) — меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) — меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (январ)11,83
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)

    11,22

  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)

    24,40

  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)

  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)

    21,91

  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)

    22,82

  • Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
  • Ҳисоботҳои молиявӣ
  • Соли молиявии 2018
  • Соли молиявии 2008
  • Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
  • img

    Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо (NPCR)

  • Телефони боварии БМТ (44-600-15-20) ALLOMUSHTARI@NBT.TJ
  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
52609.912672.24
105132.855255.43
2010119.6010361.28
5025060.8125659.31
10049956.8551149.91
  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

    24.05.2016

    О З М У Н


    ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

    Департаменти аудити дохилӣ

    Аудитори бахши аудити технологияҳои иттилоотӣ (1 ҷой)



    Талабот ба номзад:

    • таҳсилот: олии иқтисодӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
    • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
    • доштани таҷрибаи корӣ дар соҳаи технологияи иттилоотии бонкӣ;
    • таҷрибаи кории 3-солаи соҳаи технологияҳои иттиоотӣ дар бахшҳои аудити дохилӣ ё берунӣ — афзалият дорад;
    • донистану фаҳмидани моҳияти стандартҳои СOBIT, COSO ва ғайра — афзалият дорад.

    Аудитори шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой)


    Талабот ба номзад:

    • таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
    • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
    • маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
    • донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмиллалии ҳисоботи молиявӣ – афзалият дорад;
    • малакаи кор дар компютер, донистани MS Office -(Word,Excel, Power Point)- ҳатмӣ;
    • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
    • доштани таҷрибаи кории 3-сола дар соҳаи бонкӣ;

    Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

    • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
    • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
    • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
    • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
    • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
    • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
    • маълумотномаи тиббӣ (шакли 086УЕ);
    • маълумотнома (справка-объективка).

    Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:
    ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандон.
    Телефон барои маълумот: 600-32-13, 600-32-32
    Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 31.05 с.2016

    Диданд: 3975

    Бозгашт

    Источник

    • Печать

    Ҷойҳои холӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:

    1. Сардори шӯъба оид ба пардохти кӯмакпулиҳои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Сино дар шаҳри Душанбе, 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1323
    2. Сармутахассиси шӯъбаи таъинот ва пардохти маблағҳои  андухти нафақавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии Раёсати  Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҲҶТ дар шаҳри Душанбе, 1 ҷой , маоши мансабӣ — 1032
    3. Мутахассиси пешбари шўъбаи баҳисобгирии инфиродии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии Раёсати  Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, 1 ҷой , маоши мансабӣ — 846
    4. Мутахассиси шўъбаи  таъиноти  нафақаи Раёсати Агентии  суғуртаи иҷтимоӣ  ва  нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, 1 ҷой, маоши мансабӣ — 660

    Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

    — ариза ба унвони роҳбари мақомот;
    — варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
    — шарҳиҳол;
    — нусхаи диплом;
    — 2 дона расми 3х4 ;
    — нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
    — нусхаи шиноснома;
    — маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
    — нусхаи  РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
    — маълумотнома азҷои истиқомат;
    — маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  0,38 УЕ;
    — нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
    — маълумотнома аз ВКД дар бораи доғи судӣ;
    — маълумотнома (справка-объективка).

    Талаботи тахассусӣ:
    Барои ишғолкунандагони мансаби сардори шуъба:

    — таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
    — 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
    — дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
    — малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

    Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

    — таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
    — 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
    — малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
    Барои ишғолкунандагони мансаби  
    мутахассиси пешбар:
    — таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
    — 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

    Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:

    — таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

    Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

    Нишонаи қабули ҳуҷҷатҳо: ш. Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ 103 «А»;  тел. 233-81-02   
    Қабули  ҳуҷҷатҳо: 21 рӯз пас аз чопи эълон.

    Источник

    28-уми сентябри соли 2016

    МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ

    НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН

    Эълон дар бораи ҷойҳои кории холӣ

    Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:

    1. Сармутахассиси фанни таърихи халқи тоҷик (таърихи умумӣ)

    Шумораи ҷойҳо: 1

    Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00

    Талаботи тахассусӣ:

    Сармутахассиси фанни таърихи халқи тоҷик (таърихи умумӣ) барои таҳияи тестҳо аз фанни мазкур масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

    – маълумоти олӣ дар соҳаи таърих (таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ бартарӣ дониста мешавад);

    – таҷрибаи омӯзгории на кам аз 6 сол;

    – таҷрибаи корӣ ҳамчун омӯзгор-таҳиягари тестҳо на кам аз 2 сол;

    – донистани равишҳои нави тестгузаронӣ ва таълим;

    – дониш ва қобилияти зуд аз худ кардани назарияи классикӣ ва муосири тестҳо;

    – малакаи баланди муошират;

    – малакаи хуби кор бо компютер;

    – нутқу саводи хуби хаттӣ аз забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (ба донандагон забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад);

    Ба шахсоне, ки бо Марказ ҳамчун корманди муваққатӣ (муқарриз, таҳиягари тестҳо) ҳамкорӣ кардаанд ва ё дар таҳияи супоришу тестҳо барои олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ иштирок доштаанд, бартарӣ дода мешавад.

    2. Сармутахассиси хизматрасонии техникӣ ва шабакаҳои маҳаллӣ

    Шумораи ҷойҳо: 1

    Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00

    Талаботи тахассусӣ:

    Сармутахассиси хизматрасонии техникӣ ва шабакаҳои маҳаллӣ барои сари вақт гузаронидани ташхиси техникӣ, корҳои профилактикӣ, таъмири асосӣ, таҷдиди қисматҳои таҷҳизот ва версияҳои таъминоти барномавӣ нисбат ба техника ва шабакаи компютерии дар Марказ истифодашаванда масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

    – маълумоти олии касбӣ дар соҳа (ҳадди ақал доштани дараҷаи бакалавр; таҳсилоти иловагии такмили ихтисос бартарӣ дониста мешавад);

    – собиқаи кории на кам аз 3 сол дар самти хизматрасонии таҷҳизот ва таъминоти барномавии компютерҳо ва шабакаҳои компютерӣ;

    – таҷрибаи корӣ дар насбу танзим, хизматрасонӣ ва ташхиси таҷҳизоти компютерӣ ва офисӣ, таъминоти барномавӣ бо назардошти версияҳои шабакавии онҳо;

    – маҳорати ташкил ва гузаронидани дарс (машварат)-ҳои фосилавӣ бо кормандони бахшҳои минтақавӣ дар самти дастгирии техникӣ;

    – мустақилият дар ҳалли масъалаҳои бамиёномада ва қобилияти зуд азхудкунии системаҳои мураккаб;

    – қобилияти кор ҳамчун узви гурӯҳи корӣ ва доштани малакаи хуби муошират;

    – донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ дар сатҳи техникӣ, аз ҷумла забони англисӣ).

    Донистани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бартарӣ дониста мешавад.

    3. Мутахассис-барномасоз

    Шумораи ҷойҳо: 1

    Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00

    Талаботи тахассусӣ:

    Мутахассис-барномасоз барои иштирок дар равандҳои гуногуни коркарди коркарди иттилоот, аз ҷумла таҳияи қолабҳои ҳуҷҷатҳо дар намуди электронӣ, қабул ва назорати иттилооти воридшаванда, омода кардани додашудаҳои аввалия, тавлиди ҳисоботҳо, нашри ҳуҷҷатҳои содиротӣ ва ғайра масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

    – маълумоти олии касбӣ дар соҳа (ҳадди ақал доштани дараҷаи бакалавр; таҳсилоти иловагии такмили ихтисос бартарӣ дониста мешавад);

    – собиқаи кории на кам аз 3 сол дар самтҳои: барномасозӣ дар муҳит ва забонҳои муосири барномасозӣ; истифодаи системаҳои амалиётии муосир ва дастаи барномаҳои амалӣ;

    – малакаи хуби корӣ дар самти насбу танзим ва таҷдиду истифодаи таъминоти барномавӣ, таҷҳизоти компютерӣ ва шабакаҳои компютерӣ;

    – фаҳмиши назария ва технологияҳои пойгоҳҳои додаҳо: забонҳои дархостӣ, коркарди додаҳо, системаҳои идоракунии пойгоҳҳои додаҳо;

    – дониши назариявӣ ва маҳорати амалӣ кардани усулҳои санҷиши таъминоти барномавии таҳия ва таҷдидшаванда барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта;

    – малакаи таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ;

    – маҳорати хуби таҳлилӣ дар азхудкунӣ ва таҳлили масъалаҳои бамиёномада ва мустақилият дар ҳалли онҳо;

    – қобилияти кор ҳамчун узви гурӯҳи корӣ ва доштани малакаи хуби муошират;

    – донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ дар сатҳи техникӣ, аз ҷумла забони англисӣ).

    Донистани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бартарӣ дониста мешавад.

    4. Мутахассиси технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионии бахши минтақавии шуъбаи ташкил ва имтиҳони Марказ дар шаҳри Хуҷанд

    Шумораи ҷойҳо: 1

    Реҷаи корӣ: дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00

    Талаботи тахассусӣ:

    Мутахассиси технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК)-и бахши минтақавӣ барои таъмини кори доимии таҷҳизоти компютерӣ, таъминоти барномавӣ ва шабакаи компютерии бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд, насбу танзим, ташхису таҷдид ва хизматрасонии онҳо, инчунин таъмини машварат ва дастгирии техникии кормандони асосӣ ва муваққатӣ дар минтақа вобаста ба масъалаҳои истифодаи ТИК масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

    – маълумоти олии касбӣ дар соҳа (ҳадди ақал доштани дараҷаи бакалавр);

    – собиқаи кории на кам аз 3 сол дар самти насбу танзим, таҷдиду ташхис ва хизматрасонию истифодаи таъминоти барномавӣ (системаҳои амалиётии муосир, дастаи барномаҳои амалӣ ва ғайра), таҷҳизоти компютерию офисӣ ва шабакаҳои компютерӣ;

    – қобилияти хуби корӣ ва малакаи хуби муошират;

    – донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ дар сатҳи техникӣ, аз ҷумла забони англисӣ).

    Донистани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бартарӣ дониста мешавад.

    5. Посбони бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд

    Шумораи ҷойҳо: 1

    Реҷаи корӣ:

    – дар рӯзҳои корӣ аз соати 17:00 то 08:00;

    – дар рӯзҳои истироҳат аз соати 08:00 то 08:00-и рӯзи дигар.

    Талаботи тахассусӣ:

    Посбони бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд барои муҳофизати кормандон, бино ва таҷҳизот дар дохили бахши минтақавӣ, танзиму риояи тартибот дар дохили муассиса, назорати риояи қоидаҳои зиддисӯхтор ва санитарӣ, бақайдгирии шаҳрвандони ба Марказ муроҷиаткунанда ва амнияти бахши минтақавӣ масъул буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

    – маълумоти миёна ва ё миёнаи махсус;

    – собиқаи корӣ дар соҳаи бехатарӣ (ба шахсони синнашон то 50-сола афзалият дода мешавад);

    – малакаи хуби муошират;

    – малакаи кори хаттӣ.

    Хоҳишмандон дар озмун тибқи тартиби муқарраргардида қабул карда мешаванд. Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун бояд ҳуҷҷатҳояшонро (ариза, нусхаи шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ, маълумотнома оид ба доғи судӣ (ИЦ) ва резюме бо забони тоҷикӣ) ба Марказ бо нишонии зерин пешниҳод намоянд:

    Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

    734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192

    Телефон: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68

    Факс: (+992 37)  224 53 66

    Нишонии электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

    Шахси мутасаддӣ: Г. Давлатова

    Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: 17-уми октябри соли 2016, то соати 16:00

    Источник

    Гўё шумо ба чои кори холи аз рўи тахассус,  тачриба ва тамоми талаботхо мувофикед. Вале баъди сўхбат бо сохибкор шуморо фаромуш мекунанд. Сабаб чист? Сабаб дар он аст, ки шумо хангоми сўхбат бо сохибкор ягон гапи нолозим задед. Барои он, ки чунин хатогихои корчўён истисно шавад, муайян кардан лозим аст, ки хангоми сўхбат бо сохибкор чи манъ аст.

          1.Шикоят кардан аз хаёт. Хатто агар нобаробарихо паси хам шуморо думболагири карда истода бошад хам, дар ин бора хеч гох ба сохибкор гап назанед. Охир онхо одамони бетолеъро дўст намедоранд ва бевосита онхо аз як чихат хаканд. Агар шумо дар чустучўи кор душвори дошта бошед, пас кани кафолат, ки дар кор хам шумо ба душвори дучор нашавед? Пас хеч гох аз беадолати ва худсарии сохибкор, аз вазнинии зиндаги шикоят накунед. Инчунин, дилсўзона напурсед: илтимос, маро ба кор гиред. Дар хотир гиред, ки шумо на як «хеши камбагал», балки довталаб барои чои кори холи хастед.

          2.Дар бораи душворихои оилави накл кардан. То оне, ки аз шумо дар бораи вазъи оилави напурсанд ёдовари намудан лозим нест. Ба сохибкор шумо хамчун мутахассис даркоред, на хамчун падар ( ё модар )-и мехрубон ё хамсари содик. Агар шумо борагбат оиди ин пахлўи хаёт накл кунед, сохибкор ба чунин хулоса меояд,ки кор барои шумо дар чои якум намеистад. Сохибкорон чунин кормандонеро афзалтар медонанд, ки ба кор аз сидки дил чалб мешаванд, аз он халоват мебаранд, на ин  ки ба кор танхо ба хотри маош меоянд.

    3.Сохибкори пешинаро дашном додан. Хатто агар сохибкори пешина ба ин сазовор бошад хам, шумо бояд ин корро накунед. Дар кори пешина шуморо кадр накарданд, маош надоданд? Кўшиш кунед дар ин бора тамоман гап назанед. Агар дар бораи сабаби аз кор рондан пурсанд, вазъиятро боодобона, эхтиёткорона, бе мухокима ва гунахгорсози накл намоед. Дар акси хол сохибкори нав дар симои шумо як шахси чанчоли ва мочарочўйро мебинад. Чунин одамро дар гумон аст, ки касе дар ширкати худ дидан хохад.

    4.Якбора талаботхои худро пешниход кардан. Табиист, ки ба корчўй зарур аст, ки хамаи шароитхои корро дониста гирад, вале ин кор бояд боодобона ичро шавад. Хар як саволро бо  тарзхои гуногун додан мумкин аст. Аз ин рў якбора пурсидан лозим нест, ки оё маоши давраи бемори ( больничный ) пардохт карда мешавад. Дар ин холат сохибкор фикр мекунад, ки шумо зуд-зуд ба рухсатии бемори рафтани хастед. Бехтараш ба таври умуми хоксорона таваччўхи худро ошкор намоед: оё кодекси мехнат риоя карда мешавад, оё дар шароити кор ширкат ягон хусусияти хоси худро дорад. Якбора утоки алохида, ронандаи шахси ва гайра пурсидан лозим нест. Хар як кор вакти худро дорад. Вакте шуморо ба вазифа пешбари намуданд, он вакт метавонед дар бораи шароитхои иловаги маслихат кунед.

          5.Сўхбатро аз андозаи маош огоз намудан. Агар хачми маош аник нишон дода нашуда бошад, набояд сўхбатро аз ин масъала огоз намоед. Сохибкор, дар ин холат ба чунин карор меояд, ки барои шумо аз хама мухиман на худи кор, балки маош аст. Саросема нашавед ва ин саволро то он лахзае, ки шуморо ба кор даъват накунанд, дар худ нигох доред.

    6.Дар мавзўъхои берун аз кор сухан рондан. Риштаи суханро ба дигар тараф кашидан, дар бораи сиёсат мухокима кардан ё дар бораи шугли дўстдоштаи худ накл кардан лозим нест. Дар гумон аст, ки ягон сохибкор хохиши лаккию сергапро ба кор гирифтан дошта бошад: кани кафолат, ки чунин одам кисми зиёди вакти худро бо гап гузаронида одамонро низ бе кор намесозад.

        7.Шубхаи худро нисбати хамсўхбат баён намудан. Хатто агар намояндаи ширкат, ки бо шумо дар бораи чойхои кори холи сўхбат мегузаронад, духтари чавон бошад хам ва шумо фикр кунед, ки ў оиди касб хеч чизро намефахмад, набояд магрурона дар ин бора ба ў хабар дихед. Ў вазифаи худро дорад ва дар навбати аввал мебинад, ки шумо бетарбия, бетокат, бемулохизаед. Дар гумон аст, ки баъди сўхбат ў номзадии шуморо ба рохбарият  пешбари намояд. Шояд шумо мутахасиси хуб бошед, аммо сифатхои шахси барои ба кор даромадан низ омили мухим ба шумор меравад.

          8.Оиди дигар таклифхое,ки  ба шумо карданд, гап задан.

        Баъзе корчўён фикр мекунанд, ки бо сохибкор оиди таклифхое, ки ўро бо дигар корхо кардаанд, накл намуда нархи худро баланд мебардоранд. Шумо фикр мекунед, ки ин ба сохибкор маъкул мешавад. Албатта, агар шумо мутахассиси бехад хуб бошед, метавонед чунин рафторро ба худ раво бинед. Дар хамаи бакимонда холат бошад, интихоби шумо барои сохибкор фарке надорад,- намехохед дар ин чо кор кунед, даркор не, шумо ягона номзад нестед.

    Источник

    Читайте также:  Вакцина корь паротит российская отзывы